Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар факултетҳои ДДҲБСТ

 Тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати  Тоҷикистон дар тамоми факултетҳои донишгоҳ мулоқоту вохӯриҳо дар мавриди шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу баргузор гардиданд.

Дар факултети ҳуқуқшиносӣ ва баҳисобгирӣ ва андози донишгоҳ бо ҷалби роҳбарият ва намояндагони шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд мулоқоти судманд доир гардид. Ҳамчунин дар  факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва факултети молия ва қарзи донишгоҳ бо мақсади шарҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат- раҳнамо ва таҳкимбахши пояҳои  давлатдории миллии тоҷикон” баргузор гардид.

Баромадкунандагон дар мавзӯҳои “Инъикоси самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат”, “Ҷабҳаҳои рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олӣ” маърӯза намуданд.

Инчунин дар факултетҳои бизнес ва идоракунӣ ва инноватсия ва телекоммуникатсия оиди шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ вохӯрӣ доир гардид.

Дар мулоқоту вохӯриҳо ва конференсияву мизҳои мудаввар иброз карда шуд, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Дар ҳамаи мулоқоту вохӯриҳо роҳбарияти донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар мулоқоту вохӯриҳо гуфта шуд, ки дар маҷмуъ муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як сокини кишвар дастуру раҳнамо ва қутбнамои фаъолият мебошад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like