Табодули академӣ ва татбиқи он дар Донишгоҳ

Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи стратегияи рушди равобити хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барномаи «Табодули академӣ» ба таври пайваста амалӣ мегардад. Ҳадафи асосии барнома фароҳам овардани шароити мусоид барои такмили ихтисос, баланд бардоштани сатҳи дониш ва таҳкими малакаҳои касбии донишҷӯёну омӯзгорон дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар мебошад.

Дар заминаи ин барнома омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ имконият пайдо мекунанд, ки дар донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон ба таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шаванд. Ин раванд ба болоравии сифати таълим, рушди ҷаҳонбинӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ-тадқиқотӣ мусоидат менамояд.

Имрӯз ректори Донишгоҳ  Шероз Мӯминзода бо 9 нафар донишҷӯёне, ки тариқи барномаи табодули академӣ муддати шаш моҳ дар Донишгоҳи Гданси Ҷумҳурии Полша таҳсил намуда, ба Ватан баргаштанд, мулоқот анҷом дод. Зимни вохӯрӣ ректори Донишгоҳ натиҷаҳои таҳсил, таҷрибаи андӯхта ва бардоштҳои донишҷӯёнро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, саҳми чунин барномаҳоро дар ташаккули мутахассисони рақобатпазир муҳим арзёбӣ намуд.

Қайд гардид, ки иштироки донишҷӯён дар барномаҳои байналмилалии табодулӣ барои такмили дониши назариявӣ, густариши малакаҳои амалӣ ва азхудкунии таҷрибаи пешрафтаи таълимӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон таъкид шуд, ки 9 нафар донишҷӯи дигар дар ояндаи наздик барои идомаи таҳсил ба ҳамин донишгоҳ сафар хоҳанд кард.

Дар баробари ин, донишҷӯёни Донишгоҳ дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ таҳсилоти худро дар донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон идома дода истодаанд.

Барномаи «Табодули академӣ» ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии Донишгоҳ ба рушди иқтидори зеҳнӣ, таҳкими ҳамкориҳои шарикона ва боло бурдани нуфузи Донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

   Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like