Артиши миллӣ- сипари боэътимоди Ватан

18 феврали соли 2026 дар қисми низомии 3501-и Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи меҳмонон ва ҷавонон Рӯзи дарҳои кушод бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода, ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳ иштирок намуданд. Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд доир гардида, ба як чорабинии муҳими тарбиявию маърифатӣ табдил ёфт. Дар ин чорабини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд Ҷаҳонгир Салимзода ва Мунзифа Ҷабборӣ ва ректори ДДҲБСТ Шероз Мӯминзода сарбозону афсаронро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Чорабинӣ бо сафороӣ ва истиқболи расмии меҳмонон оғоз гардид.
Ректори Донишгоҳ Мӯминзода Ш.А. зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати Иди Артиши миллӣ табрик гуфта, таъкид намуд, ки Рӯзи дарҳои кушод рамзи ҳамбастагии давлату мардум, пайванди мустаҳками Артиши миллӣ бо ҷомеа ва нишонаи эҳтироми ҷавонон ба мактаби ҷасорату мардонагӣ мебошад. Ӯ изҳор дошт, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор қарор дошта, ҳифзи ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки бо дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба нерӯи муназзаму қудратманд табдил ёфта, имрӯз ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат вазифаи пуршарафи худро сарбаландона иҷро менамоянд.
Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, эҳтиром ба қонун, масъулиятшиносӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки ҷаҳони имрӯз пур аз хатарҳои фаромиллӣ буда, танҳо бо иттиҳоду ҳамбастагӣ, таҳкими худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавӣ метавон сулҳу суботи пойдорро ҳифз намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба сарбозону афсарон аз ҷониби меҳмонон маводи хӯрока ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Барномаи рангини фарҳангӣ ва намоиши машқҳои ҳарбӣ аз ҷониби сарбозон хотири иштирокчиёнро болида гардонида, чорабинӣ дар фазои ифтихор ва руҳбаландӣ ҷамъбаст гардид.

                                                                                                                Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

        

 

 

You might also like