ДДҲБСТ: Рушди таҳсилоти дуалӣ ва омӯзиши таҷрибаи мутахассисони варзида
Ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақомоту идораҳо ва корхонаву ташкилотҳои истеҳсолӣ сол аз сол густариш ёфта, дар доираи шартномаҳои ҳамкории дуҷониба донишҷўён дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ва корхонаҳои саноатӣ вобаста ба ихтисос таҷрибаомўзии худро гузаронида истодааст.
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, мустаҳкам намудани робитаи илм бо истеҳсолот ва рушди таҳсилоти дуалӣ, 18 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси мудири кафедраи баҳисобгири бухгалтерӣ профессор Далер Дадоматов Маркази рушди касбияти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ дар назди панҷ ташкилот, аз ҷумла ташкилотҳои ФҚҲ “Равнақ”, ФҚҲ “Ҳамёрӣ”, “Хишти муосири аълосифат”, ЧДММ “Панҷистон” ва ЧДММ “ Суғд аудит” роҳандозӣ гардида, барои густариши ҳамкориҳои амалӣ байни Донишгоҳ ва соҳаҳои истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Зимни баромади худ роҳбарони ташкилотҳо роҷеъ ба фаъолияти бемайлон ва рушди устувори ширкат ҳарф зада, омодагии худро баҳри ҳамкориҳои судманд, ҷиҳати ҷалби донишҷӯёни донишгоҳ ва бо кор таъмин намудани онҳо иброз намуданд.
Ҳадафи асосии таъсис ва ташкили чунин Марказ ҷалби донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ ба раванди истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи омодагии амалии онҳо, омӯзиши амиқи донишҳои тахассусӣ, азхуднамоии таҷрибаи кормандони соҳа ва татбиқи донишҳои назариявӣ ба амалӣ, татбиқи босамари дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва инчунин густариши ҳамкориҳои донишгоҳ бо мақомот, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ арзёбӣ карда мешавад.
Ин иқдом қадами муҳим дар самти рушди таҳсилоти дуалӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат арзёбӣ гардида, дар оянда барои густариши таҷрибаи ҳамкориҳои судманд заминаи устувор хоҳад гузошт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа












