Тақдими дипломҳои дараҷаи илмӣ ва шаҳодатномаҳои унвони илмӣ ба омӯзгорони ДДҲБСТ

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими бошукӯҳи тақдими дипломҳои дараҷаҳои илмӣ баргузор гардид. Дар фазои тантанавӣ ба як қатор омӯзгорону муҳаққиқони донишгоҳ дипломҳои дараҷаи номзади илм супорида шуд, ки ин дастоварди муҳим нишони эътирофи заҳмати пурсамар, таҳқиқоти амиқи илмӣ ва саҳми арзандаи онҳо дар рушди илму маорифи кишвар маҳсуб меёбад.

Дар маросими мазкур муовини Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯмин Шарифзода ва ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки ноил гардидан ба дараҷаҳои баланди илмӣ натиҷаи талошҳои пайгирона, ҷаҳонбинии васеи илмӣ ва масъулияти баланди омӯзгорон дар роҳи тайёр намудани мутахассисони соҳибкасбу рақобатпазир мебошад.

Ҳамзамон, зикр карда шуд, ки дастгириҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илму маориф, таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ ва фароҳамсозии шароити мусоиди фаъолияти илмӣ, барои ноил гардидан ба чунин дастовардҳо заминаи устувор фароҳам овардааст. Маҳз таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти олии кишвар ба соҳаи маориф ва илм имконият медиҳад, ки иқтидори зеҳнии ҷомеа таҳким ёфта, мактаби илмии миллӣ рушд намояд.

Дар баробари ин, дастгириҳои ҳамешагии раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин дар самти такмили низоми аттестатсия, таъмини шаффофият ва баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ нақши муҳим доранд. Зикр гардид, ки таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти Комиссия ба рушди неруи илмӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос барои пешрафти илми ватанӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.Роҳандозии семинарҳои байналмилалӣ аз ҷониби роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионӣ бо ҷалби олимону коршиносон ба баланд шудани мавқеи илми ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ  нигаронида шудааст.

Қайд гардид, ки таҳкими иқтидори илмӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмию тадқиқотӣ ва густариши фаъолияти инноватсионӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии соҳаи маориф ба шумор рафта, дар меҳвари фаъолияти донишгоҳ қарор дорад. Дар ин замина, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии муҳаққиқон, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои ватанию хориҷӣ аҳамияти калидӣ касб менамояд.

Маросим дар фазои бошукӯҳ баргузор гардида, ба соҳибони дипломҳо барои идомаи фаъолияти пурсамари илмӣ ва педагогӣ, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар амалия ва ноил гардидан ба дастовардҳои нави илмӣ комёбиҳои беназир орзу карда шуд.

 

   Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like