ДДҲБСТ: Баргузории конференсияи илмию методии вилоятӣ таҳти унвони “Рушди илму маориф – ояндаи босаодати давлату миллат дар партави Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”

14 феврали соли 2026 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию методии вилоятӣ таҳти унвони «Рушди илму маориф – ояндаи босаодати давлату миллат дар партави Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» баргузор гардид.

Нахуст, меҳмонон аз дастовардҳои олимону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ дидан намуданд.

Ҳамоиш бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони сохторҳои соҳаи маориф, олимону омӯзгорон ва муҳаққиқон доир шуда, ба баррасии масъалаҳои мубрами рушди илму маориф дар шароити муосир бахшида шуд.

Дар оғоз, ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода суханронӣ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёнро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Мавсуф зикр кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз дар марҳилаи нави рушди тамаддун қарор дошта, пешрафти босуръати технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки давлатҳо пеш аз ҳама ба рушди сармояи инсонӣ такя намоянд. Зеро сарвати аслии миллат, пеш аз ҳама, донишу малака, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури созандаи шаҳрвандони он мебошад.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ пайваста рушди илму маорифро меҳвари сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуда, иброз медоранд, ки «ояндаи давлат аз сатҳи дониш ва маърифати насли ҷавон вобаста аст». Ин дастуру ҳидоятҳо барои тамоми ниҳодҳои илмиву таълимии кишвар ҳамчун барномаи амали муассир хизмат менамоянд.

Зикр шуд, ки бе рушди устувори соҳаи илму маориф ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва “сабз” ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, такмили сифати таҳсилот, ворид намудани усулҳои инноватсионӣ ва мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи замон яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад.

Қайд гардид, ки дар Донишгоҳ баробари ихтисосҳои самти ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, иқтисод ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин ихтисосҳои самти омӯзгорӣ низ роҳандозӣ шудаанд. Ин иқдом бо дарназардошти ниёзҳои бозори меҳнат ва талаботи ҷомеаи муосир амалӣ гардида, ба омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва дорои малакаҳои муосири касбӣ равона шудааст.

Зимни идомаи кори конференсия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода,  мудири кафедраи методикаи таълими донишгоҳ Умедахон Абидова ва мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Матлуба Қобилова бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

Дар маърӯзаҳо таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ҳамеша яке аз масъалаҳои калидии соҳаи маориф боқӣ мемонад. Омӯзгори муосир бояд ба методикаҳои нави таълим, назарияҳои равоншиносии маърифатӣ, фаҳмишҳои умумифаннӣ ва технологияҳои пешрафтаи омӯзишӣ ошно бошад. Истифодаи усулҳои омӯзиши фаъол, ҷорӣ намудани таҷрибаҳои инноватсионӣ ва такмили маҳорати касбӣ заминаи мусоид барои баланд бардоштани сифати таҳсилот фароҳам меорад.

Иштирокчиён изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои конференсияи вилоятӣ барои таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, марказҳои илмӣ ва сохторҳои давлатӣ заминаи устувор гузошта, ба рушди минбаъдаи илму маориф дар минтақа такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар фарҷоми чорабинӣ мубодилаи афкор ва музокироти судманд сурат гирифта, бо тақдими Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ ба меҳмонон ва маърӯзачиён конференсияи илмию методии вилоятӣ ҷамъбаст гардид.

                                                                                                  Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

 

 

You might also like