ДДҲБСТ: Қадамҳои устувор дар рушди таҳсилоти дуалӣ

13 феврали соли 2026 дар назди кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Маркази рушди касбияти ҶДММ «Мутахассисони Роҳи Абрешим» (SilkRoad Professionals) расман ифтитоҳ гардид. Ин иқдом дар доираи татбиқи сиёсати таҳкими ҳамкориҳои илмию амалӣ ва густариши робитаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо бахши истеҳсолӣ амалӣ шуда, ҳамчун қадами устувор дар самти рушди таҳсилоти дуалӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир арзёбӣ мегардад.
Ифтитоҳи марказ бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон, намояндагони ширкат ва донишҷӯёни ихтисосҳои марбута баргузор гардида, зимни он аҳамияти ҳамоҳангсозии донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи воқеии истеҳсолӣ таъкид шуд. Қайд гардид, ки таъсиси чунин марказҳо ба баланд бардоштани сатҳи касбият, рушди малакаҳои амалӣ ва мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат менамояд.
Дар доираи фаъолияти марказ вохӯрии судманди донишҷӯён бо мутахассисони варзидаи соҳа баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, тақвияти донишҳои амалӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди малакаҳои касбии донишҷӯён арзёбӣ шуд. Зикр гардид, ки Маркази рушди касбият минбаъд баргузории дарсҳои амалӣ, ташкили таҷрибаомӯзӣ, семинару тренингҳои соҳавӣ ва ҷалби донишҷӯён ба лоиҳаҳои амалӣ ва инноватсиониро ба роҳ мемонад.
Ҳамзамон, дар заминаи густариши таҷрибаи таҳсилоти дуалӣ, Марказҳои рушди касбияти кафедраи молия ва қарз дар Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва инчунин дар заминаи МОИ «Суғд» назди кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, барои донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюми ихтисосҳои молия ва қарз ва иқтисоди ҷаҳонӣ таҷрибаомӯзии таълимӣ ташкил ва баргузор намуданд. Ин тадбирҳо ба татбиқи донишҳои назариявӣ дар муҳити воқеии корӣ ва азхудкунии методикаи фаъолияти истеҳсолӣ равона гардидаанд.
Зимни машғулиятҳои амалӣ, ки аз ҷониби роҳбарон ва мутахассисони ширкатҳо гузаронида шуданд, масъалаҳои татбиқи технологияҳои муосири иттилоотӣ, истифодаи усулҳои пешрафтаи барномасозӣ, таҳлили сохтори лоиҳаҳои барномавӣ ва роҳҳои самараноки ҳалли масъалаҳои техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Донишҷӯён имконият пайдо карданд, ки донишҳои назариявии худро дар шароити воқеии корӣ санҷида, аз таҷрибаи мустақими мутахассисони соҳа баҳраманд гарданд.
Таъсиси чунин марказҳо ва роҳандозии таҷрибаомӯзиҳои ҳадафманд қадами муҳим дар самти татбиқи низоми таҳсилоти дуалӣ маҳсуб ёфта, ба баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ, таҳкими донишҳои назариявӣ ва шиносоии амиқи донишҷӯён бо сохтор ва фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ мусоидат менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки роҳбарияти Донишгоҳ минбаъд низ густариши ҳамкориҳоро бо бахши хусусӣ ва сохторҳои давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ дониста, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои омодасозии мутахассисони баландихтисос тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.

                                                                                            Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like