Мулоқоти намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хатмкунандагони Донишгоҳ
13 феврали соли 2026 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманду созандаи намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хатмкунандагони Донишгоҳ баргузор гардид. Ҳадафи асосии вохӯрӣ таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҷалби ҷавонони соҳибмаълумот ба адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ буд.
Дар чорабинӣ муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ, генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон, комиссари ҳарбии вилояти Суғд генерал- майор Солизода Умед, командири Дивизия дар вилояти Суғд генерал-майор Сӯҳроб Муродзода, ёрдамчии калони сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ
Олимҷон Саидзода ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Мулоқотро ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода ифтитоҳ намуда, нақши ҷавононро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ муҳим арзёбӣ кард.
Зимни баромади худ генерал-лейтенант Бобоҷон Саидзода доир ба нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, таъкид кард, ки Паём ҳамчун барномаи мукаммали рушди давлат, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷиро муайян месозад ва дар он масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ҷойгоҳи махсус дорад.
Қайд гардид, ки имрӯз Артиши миллӣ ба мутахассисони баландихтисос, дорои ҷаҳонбинии муосир ва ҳисси баланди масъулият ниёз дорад. Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ метавонанд бо донишу малакаи касбии худ дар сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолияти пурсамар дошта, дар ҳифзи истиқлолият, суботу оромӣ ва амнияти давлат саҳми арзанда гузоранд.
Намояндагони Вазорат ҷавононро ба хизмати содиқона ба Ватан даъват намуда, иброз доштанд, ки адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби шуҷоату мардонагӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад. Таъкид шуд, ки хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандӣ ва нишонаи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, давлатдорӣ ва истиқлолияти кишвар аст.
Дар фарҷоми мулоқот чанде аз хатмкунандагон омодагии худро ҷиҳати пайвастан ба сафи Артиши миллӣ ва саҳмгузорӣ дар таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат иброз доштанд.
Баргузории чунин вохӯриҳо ҷиҳати ҷалби ҷавонони соҳибкасб ба хизмат, таҳкими пояҳои сулҳу субот, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа













