Иштироки омӯзгорони Донишгоҳ дар семинари байналмилалӣ
11 феврали соли 2026 бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари байналмилалӣ таҳти унвони «Тамоюлҳои рушди илм дар шароити рақамикунонӣ ва ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид.
Дар кори семинар раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, муовини раиси Комиссия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мумин Машокир, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илолов Мамадшо Илолович, инчунин роҳбарият ва мутахассисони Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР)-и Ҷумҳурии Қазоқистон бо роҳбарии Жумагулова Алина Бакитжановна иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш муовинони ректор оид ба илм ва инноватсия, сармуҳаррирон ва масъулини маҷаллаҳои илмӣ, инчунин котибони шуроҳои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд тариқи маҷозӣ аз толори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар рафти семинар масъалаҳои марбут ба таҷрибаи маҷаллаҳои илмии байналмилалӣ, меъёрҳои интихоб ва индекскунӣ дар пойгоҳҳои иқтибосоварии Scopus ва Web of Science, роҳу усулҳои ворид намудани маҷаллаҳои илмии ватанӣ ба ин пойгоҳҳо, инчунин баланд бардоштани сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ ва тақвияти муҳити илмӣ-таълимӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Иштирокчиён вобаста ба мутобиқсозии маҷаллаҳои илмии миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, ҷалби коршиносони хориҷӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тақвияти фаъолияти интишоротии муассисаҳои илмӣ фикру пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.
Семинари мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, такмили сифати фаъолияти илмӣ ва мутобиқ намудани низоми нашрияҳои илмии кишвар ба талаботи муосири ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа









