Ҳифзи арзишҳои миллӣ- зарурияти замон

Арзишҳои миллии ҳар як халқ дар тӯли асрҳо шакл гирифта, ба унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ табдил меёбанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағирёбии дунё, ҳифзи арзишҳои миллии Тоҷикистон аҳамияти бештар пайдо карда истодааст.

Ҳифзи арзишҳои миллӣ аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як миллат аст. Арзишҳои милли Тоҷикистон асоси худшиносии миллат, ифодагари тамаддун ва маданияти он мебошад, ки ба он забони тоҷикӣ низ дохил мешавад. Забони тоҷикӣ  дар тӯли асрҳо шакл гирифта, ба асоси фарҳанг, адабиёт ва тамаддуни тоҷикон табдил ёфтааст.

Зарурияти ҳифзи забони тоҷикӣ ин воситаи тарбиявӣ ахлоқӣ, садоқат ба Ватан, асоси таҳкими фарҳанги миллӣ аст. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст…

Мо бояд барои устувор гардонидани забони давлатамон мунтазам саъю талош намоем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем. Омӯхтану донистани ин забони ширину шоирона ва ғамхорӣ барои рушд ёфтану фарогир шудани он қарзи ҳар як фарди соҳибмаърифату бонангу номуси миллат ва тамоми соҳибзабонон мебошад. Мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон нахуст забони модариро аз худ кунанд, ба он эҳтирому арҷ гузоранд ва сипас ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ оғоз намоянд. Дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он, хусусан, забони муошират яке аз вазифаҳои муҳимми мо мебошад”.

Бояд қайд кард, ки, дастоварду муваффақиятҳои кишварамон ба мутахассисони соҳибихтисос ва забондон низ вобастагии калон дорад.

Имрузҳо ки дунёро фазои электронӣ фаро гирифтааст, барои омӯзгорон дар баробари осон гаштани баъзе муаммоҳо дар раванди таълиму тарбия, мушкилиҳое низ эҷод шудааст. Нафароне, ки ки имрӯз касби омӯзгориро интихоб намудаанд ва ба тарбияи насли наврас машғуланд, бояд ҳуввияти миллӣ ва зиракии баланди сиёсӣ дошта, ҳамеша манфиати ҷамъиятро толибилмро аз манфиати шахсиашон боло гузошта тавонанд.

Донистани забони модарӣ ва фарҳанги нутқи касбӣ дар ҷомеаи муосир, ҷузъи зарурии тайёрии касбии кадрҳои баландихтисос мегардад, ки ҳалли бомуваффақияти масъалаҳои рушди касбии мутахассисон аз сифати забондонии онҳо вобаста аст.

Ҳамин тариқ, ҷалби таваҷҷӯҳи донишҷӯён ба забон, фарҳанги халқи худ, решаҳои фарҳангии он пеш аз ҳама зарур аст, зеро он имкон медиҳад, ки арзишҳои умумиинсонӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ воқеан эҳтиром ва қадр карда шаванд.

Бояд қайд кард, ки осори бою гаронбаҳо ва пурарзиши адибону олимони фарзона, ҳамчун пири ҳакимони замона-чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва садҳо дигарон солиёни зиёд ҷаҳони ботинии инсониятро шаҳомати маънавӣ бахшида, дар масъалаи ба арши аъло расонидани забони тоҷикӣ саҳми муносиб гузоштаанд.

Забони тоҷикӣ— ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.

 

Муродова Мадина Набиҷоновна, 

            мудири кафедраи фанҳои  риёзӣ-табиатшиносии муосир 

You might also like