Моҳият ва бартариятҳои низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ

11 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинар-машварат дар мавзуи «Моҳият ва бартариятҳои низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» баргузор гардид.
Семинари мазкур бо ташаббуси кафедраи молия ва қарз дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон доир шуд.
Дар кори семинар Сафаров Ҷамшед — сардори бахши ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолгарон, Ҳасанов Улуғбек — муовини сардори шуъбаи назорати бонкӣ, Сангинов Наҷибулло — бозраси дараҷаи 1-и шуъбаи назорати бонкӣ, мудирони кафедраҳои молия ва қарз ва кори бонкӣ, инчунин устодону донишҷӯёни ихтисоси молия ва қарз иштирок намуданд.
Зимни баромади худ муовини сардори шуъбаи назорати бонкӣ Ҳасанов Улуғбек оид ба моҳият, аҳамият ва бартариятҳои низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таъкид дошт, ки истифодаи васеи воситаҳои муосири пардохтӣ, аз ҷумла кортҳои бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва QR-рамзҳо, ба шаффофияти муомилоти молиявӣ, кам гардидани гардиши пули нақд ва рушди иқтисоди рақамӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, доир ба тарзи дурусти истифодаи ҳамёнҳои мобилӣ ва қоидаҳои бехатарии пардохтҳои электронӣ тавсияҳои амалӣ ироа гардиданд.
Сипас, Сафаров Ҷамшед вобаста ба масъалаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолгарони хизматрасониҳои бонкӣ суханронӣ намуда, оид ба тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии қаллобии расонавӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариён маълумот дод. Зикр гардид, ки баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар самти истифодаи дурусти хизматрасониҳои молиявии рақамӣ яке аз омилҳои асосии таъмини амнияти молиявӣ ба шумор меравад.
Иштирокчиён дар фазои саволу ҷавоб андешаҳои худро баён намуда, доир ба масъалаҳои мубрами соҳа табодули назар карданд.
Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии рақамӣ ва такмили механизмҳои таъмини он дар шароити муосир арзёбӣ мегардад.

 

 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like