Вокуниш ба мусоҳибаи фачу подарҳаво ва зиёновари наҳзатӣ
Имрўз бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти комили давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии худро тавассути Конститутсия, қонунҳои қабулгардида ва санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамуда ба роҳ монда истодааст. Аз он ҷумла дар самти таъмин намудани ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон, ки яке аз онҳо ин ҳуқуқҳои интихоб кардан ва интихоб шудан ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баробарҳуқуқии ҳамаи шарҳвандонро кафолат медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот озод аст ва ҳар шаҳрванди ба синну соли муқаррарнамудаи қонун расида дар интихобот озодона ширкат меварзад, интихоб мекунад ва интихоб мешавад. Аз ҷумла, моддаи 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гувоҳӣ медиҳад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рўзи интихобот ба 18 солагӣ расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд. Вобаста ба ин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мехоҳанд дар маъракаҳои сиёсӣ иштирок кунанд барои онҳо ягон монеа вуҷуд надорад, танҳо ба азму иродаи худ онҳо метавонанд озодона номзадии худро пешбарӣ намоянд ва ё дар рўзи интихобот ба номзади арзандаи овози худро диҳанд.
Дар сўҳбати кўчагии раиси ТТЭ ҲНИТ Кабирӣ, ки имрўз дар арафаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардидааст боз як маротибаи дигар бесаводӣ, огоҳӣ надоштан аз санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доштани хусумат ва дигар хислатҳои бадӣ ба ў хос бударо нишон дод.
Кабирӣ дар солҳое, ки ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон буд имконият дошт, ки худро ба мардум аз ҷиҳати мусбӣ муаррифӣ намояд, дар қабули қонунҳои ба манфиати миллат зарурӣ саҳм гузорад, ба тариқи озоду шафоф, ки қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, дар маракаҳои сиёсӣ ширакат варзад ва дар арсаи сиёсат мавқеъ ва нуфузи худро пайдо кунад.
Мутаассифона, ки ў дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадор обрў ва тарафдоре надошт ва дар қалбу нияти ў танҳо бо роҳи ғайриқонунӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани ҳокимият буд ба мақсадҳои нопоки худ нарасид ва дар ниҳояти кор аз Тоҷикистон фирор кард. Имрўзҳо ба он кардаҳои худ қаноат нагашта аз хориҷи кишвар барои ноором сохтани вазъи сиёсии кишвар, барангехтани кинаву адоват дар рафаи интихобот кушишҳои зиёде карда истодааст.
Боварӣ дорем, ки мардуми бо нангу номус, ватандусту ватанпарасти тоҷик чун ҳарвақта ба дасисаву суханҳои беасос ва аз рўи бадбинӣ баёнменамудаи фирориёни хориҷӣ, душманони давлату миллати тоҷик бовар накарда ақли солими худро истифода намуда иродаи худро иброз медоранд.
Қобилов Б.Қ. – н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва
пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ