Душмани ин сарзамин будан гуноҳи нобахшиданист!
Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси принсипҳои эҳтироми ҳамдигарӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлат барои мубориза бо ифротгароӣ ва ифротгароён кўшиш намуда истодааст дар доираи ин принсип амал намояд. Дар як маврид давлатҳои мутараққии дунё бошад дар асоси эҳтироми халқиятҳои сукунатдоштаи давлатӣ муборизабаранда ва амали намудани ўҳдадориҳои конститутсионӣ барои дастгир ва сарнагун сохтани гурўҳҳои нияти нопокдоштаро нисбати давлати мубориз дастгир ва таслим намояд, то он мавриде, ки онҳо ба нияти ғаразноки худ нарасанд.
Вақтҳои охир дар расонаҳои муосири Интернетӣ аз чониби чанд тан ватанфурўшони ба ном тоҷик ва ба ном исломӣ мехоҳанд аз беруни Ватан ба номи поки миллати бофарҳанги тоҷик иснод биоранд. Миёни онҳо Муҳиддин Кабирӣ собиқ роҳбари ТЭТ ҲНИ, ки фирории Ватан аст ва аз карда пушаймон мехоҳад осмони софи Тоҷикистони озодро тира созад. Дар асоси ин гуфтаҳо он гўё бо тариқи мустақим бо мардуми кишвар дар мусоҳиба буд ва гўё андеша дорад, ки ҳизби наҳзат умуман ҳизби террористӣ ё экстремистӣ набуда ва онҳо ҷонибдори оромиву осиштагӣ буданд.
Худ қазовот кунед, ки ҳодисаҳои охирине, ки дар ҳудуди кишвар аз ҷониби аъзоёни ҳизби мазкур сар зад исботи ин гуфтаҳо шуда наметавонанд? Таъкид намудан мехоҳем, ки мо аҳли зиёӣ ҷомеа ва халқи Тоҷикистон барои муборизаи беамон бо равандҳои ифротгарӣ, новобаста аз мавқеи ишғолнамудаамон омода ҳастем ва хоҳем буд. Аз ҳамин нуқтаи назар ба ҳадафҳои солими мо ҳеҷ гоҳ аз дохил ва хориҷи кишвар рахна гузошта наметавонанд ва нахоҳанд гузошт. Бояд дар ҳаёти ҳар яки мо баҳри решакан намудани ин рафторҳо омода бошем ва нагузорем, нохалафони миллат авзои ороми Ватани маҳбубамонро ноором созанд.
Абдураҳмонова М.А. – сармуаллимаи
кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ