Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа
Давлат барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо қонунҳо, кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул менамояд, то ки барои содир нашудани чунин кирдорҳо ва дар ҳолати содир шудани онҳо чораҳои муҷозот ва ҷазои онро пешбинӣ намояд.
Мо имрўз хуб медонем, ки ҳар як кидори зиддиҳуқуқӣ албатта сазоврои ҷазо аст. Аз ҳамин лиҳоз шахс медонад ва ё намедонад барои содир намудани қонуншиканӣ ҷазои муносиб тибқи қонунгузори ҷории ҷумҳурӣ барояш чораҷўӣ карда мешавад. Чӣ тавре маълум аст, надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Мақсад дар сари он аст, ки дидаю дониста ба фиребу найрангҳои хиёнаткорони миллат бояд напечид. Дар ягон ҷо кори осон, пули зиёди бе меҳнати ҳалол, бар ивази шароити кори ҳаматарафа музди маоши баланд нест…
Боиси хурсандист, ки қишре аз ҷавонони кишвари мо имрўз гарчанд ба мактабҳои олӣ дохил шуда натавонанд, ҳам каму беш аз хату савод бе баҳра нестанд ва бо истифода аз техникаву технологияҳои имрўза аз илмҳои дунявӣ бархўрдор ҳастанд.
Бо вуҷуди он ки аз падару модарон ва омўзгорони мактабҳои миёна талаб карда мешавад, ки то дараҷае ба ҷавонони синни мактабӣ донишҳои сиёсии зарурро диҳанд, ки онҳо дар раванди фаъолияти корӣ чи дар дохили кивар ва чи дар берун аз он гумроҳ нашаванд. Аз ҷумла дар ҷузъу томҳои ҳарбӣ дарсҳои тарбиявӣ аз ҷониби муовинони рота оид ба корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ баргузор карда мешавад, ки дар он сарбозон донишҳои сиёсии худро метавонанд зиёд намоянд. Ҳадаф дар он аст, ки имрўз ҷавонони тозафикри ҷомеа ба ҷои барпо намудани зиндагии орому осуда ба тори гурўҳҳои мухолифин наафтанд ва дар куҷое, ки набошанд аз ин гуна хавфу хатарҳои ҷомеа хабардор бошанд.
Барои баланд бардоштани саводи сиёсӣ ва ҷаҳонбинии насли ҷавон имрўз корҳои ташкилию ҳуқуқиро бояд пурзўр намуд, ки аз муҷоҳирони тоҷик доираҳои бозигар васеъ истифода мебаранд. Солҳои охир ҳазорон нафар аз насли ҷавони мо ба Федератсияи Русия муҳоҷират мекунанд, ва воситаҳои гуногуни иҷтимоӣ таъсир намуда, ҷаҳонбинии ифротӣ дар руҳияи онҳо касб карда, онҳо бехабар ба гурўҳҳои ифротӣ шомил мешаванд. Мутаассифона, аксарияти муҳоҷирони ҷавоне, ки дар шаҳрҳои Русия кору фаъолият мекунанд, бар асари бетаваҷҷуҳӣ ва фазою муҳити носолими фикрию эҷодӣ ба доми мутаассибони мазҳабӣ меафтанд ва ба сабаби ноогоҳӣ ба мубаллиғони исломи сиёсӣ дар сатҳи хонаводаҳо табдил меёбанд. Баҳри дар амал ба вуқўъ напайвастани чунин ҳолатҳо бо шаҳрвандони бурунмарзӣ робитаи доимиро бояд ҷорӣ намуд.
Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки яке аз унсурҳои асосии давлати демократӣ ин низоми интихобот мебошад. Тавре аз худи мафҳуми демократия бар меояд, ки яъне демократия – ҳокимияти давлатӣ буда халқ намояндагони ҳокимияти халқӣ ва Сарвари давлатро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Интихобот дар сиёсати давлат яке аз маъракаи сиёсӣ ба ҳисоб рафта ба таври овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад.
Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардида, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст.
Имрўз тамоми мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирӣ ва несту нобуд кардани ин гуна ташкилотҳо ҷидду ҷаҳд мабаранд. Аз ҷумла безараргардонии гуруҳи ифротгароён шаби 6-уми ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби мақомотҳои марбута.
Абдувоҳидов М. Р. – устоди кафедраи ҳуқуқи
соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ