Рашки Кабирӣ аз дастовардҳои Тоҷикистон
15 декабри соли ҷорӣ дар фазои маҷозӣ суҳбати скайпии ду махлуқи муханнаси сиёсатзадаи муқими Амрико ва Аврупо пахш гардид. Яке, раиси ҳизби фирорӣ ва манъшудаи наҳзат дигаре шахси мафтуни амрикоӣ мебошад. Таҳлили ин муҳосиба нишон медиҳад, ки муҳосибон ба забони тоҷикӣ дуруст суҳбат карда наметавонад Сӯҳбат маълум кард, ки “блогер” Каримзода ва Кабирӣ аз Конститутсия ва қонунҳои интихоботӣ мутлақо чизеро намедонанд. Кабирӣ дар посух ба суоли аввалин ба ин мазмун, ки оё муҳоҷирон дар ҳаёти сиёсии мамлакат аз тариқи интихобот ва дар симати вакил ширкат карда метавонанд, мегӯяд, ки бештари муҳоҷирони меҳнатӣ насли ҷавон мебошанд ва онҳо нисбат ба сиёсат ва масоили сиёсӣ дидгоҳи худро доранд. Аммо аксарияти онҳо саводи кофӣ надоранд ва аз шинохти равандҳои муосири сиёсӣ, ки бар мабнои манофеи сиёсӣ ва иқтисодии баъзе доираҳои манфиатхоҳи минтақавию ҷаҳонӣ ҷараён мегиранд, бархӯрдор нестанд. Ин албатта хато мебошад ва шаъни муҳоҷирони тоҷикро паст мезанад.
Кабирӣ даъво пеш меоварад, ки ҷавонони муҳоҷири тоҷикро фиреб кардан душвор аст, дар ҳоле ки худ ӯ ҷавононро фиреб мекунад ва худ ва барномарезиҳои ҳизбиаш ҷазб менамояд.
Кабирӣ, ки ду маротиба вакили парлумони вақти Тоҷикистон буд ва нағз медонад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи озоду шаффофи интихобот, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, роҳандозӣ шудааст. Зимнан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот озод аст ва ҳар шаҳрванди синни интихобидошта дар интихобот озодона ширкат меварзад, интихоб мекунад ва интихоб мешавад. Аз ҷумла, моддаи 4 (Ҳуқуқи умумии интихобот)-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гувоҳӣ медиҳад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд. Бар асоси моддаи 3 (Принсипҳои иштироки шаҳрвандон дар интихобот)-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, баробарии шаҳрвандон дар маъракаи интихоботӣ кафолат дода мешавад: “Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад, дар он ҳеҷ гуна ҳадди нисоб (квота) муқаррар карда намешавад. Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад”.
Бинобар ин суханҳои Кабирӣ дар заминаи шарҳи масъалаҳои марбута нишон медиҳад, ки ӯ раванди интихобот бехабар мебошад. Масалан, Кабири мегӯяд, ки Парлумони кишвар, дар ҳақиқат, ҳеҷ функсияи муҳимро иҷро намекунад. Саволе ба миён меояд, ки дар вақти вакили парлумони будани ӯ дар ҳолати қабули қарор баҳсу мунозираҳо мекарданд? Барои чӣ имрӯз чунин талошҳо (ба ақидаи Кабирӣ) ба назар намерасанд. Албатта ин суханҳо ба ҳақиқат мевофиќат намекунад. Дар парлумон ҳангоми баррасии қонунҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки аз ҳисоби аҳзоби сиёсӣ ва худпешбарон ба парлумони касбӣ роҳ ёфтаанд, баҳс мекунанд. Гузашта аз ин, раҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар доир ба масоили доғи рӯз изҳори назар менамоянд. Бинобар ин, наметавон фаъолияти Парлумони кишварро танқид кардан.
Кабирӣ ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон кина ва рашк дорад. Рашк ва кинаи ӯ аз он аст, ки халқ ва миллати тоҷик тарзи тафаккури харобавари наҳзатро напазируфт ва новобаста аз заҳмату талоши зиёд миёни ҷомеаи тоҷик маҳбубият пайдо накард. Сабабаш он аст, ки Кабирӣ ва тарафдорони ӯ дар байни мардум обрӯю эътибор надоранд.
Раҳимов А.М. – д.и.и., профессор, мудири
кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ