Наҳзатиён худ, саводи кофӣ надоранд!
Имрўзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани саводнокии сиёсиву иқтисодии мардум саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Имрўзҳо дар тамоми кишвар баҳри баланд бардоштани саводнокии сиёсӣ, алалхусус дар байни ҷавонон корҳои зиёде ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла ташкили лагерҳои фароғатӣ, гузаронидани семинару тренингҳои омӯзишӣ ва мусибаҳои интелектуалиро метавон номбар кард.
Дар пеш интихоботи парлумонӣ истодааст, ки ин яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсист. Дар тамоми ташкилоту корхонаҳо, ҷамоатҳои маҳаллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст, то ки мардум аз талаботу қоидаҳои интихобот бархурдор бошанд. Ба мисоли дар донишгоҳи мо низ бо иштироки коршинсони Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии мамлакат семинари омӯзишӣ доир гашт. Чунин мисолҳо бисёранд.
Тавре дар расонаҳои интернетӣ аз тарафи наҳзатиён баён гардидааст, гўё мардуми кишвар алалхусус ҷавонон саводи кофии сиёсӣ надоранд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин истифода бурда истодааст.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки наҳзатиён чи кор карданашонро надониста бо ҳар баҳона нисбати Ҳукумат норозигиашонро баён менамоянд. Дар асл бошад қариб, ки аксарияти ҷавонон дониши сиёсии хуб доранд ва дар ҳаргуна барномаҳои телевизионию радио, ҳафтаномаҳои ҷумҳур баромадҳо менамоянд. Мисоли онро мо аз иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои сиёсӣ мебинем.
Умуман, ҷавонон дар шароити ҳозира пешбарандаи сиёсати давлат мебошанд ва онҳои ояндаи дурахшони кишвар буду ҳастанд.
Орипов А. – н.и.и., дотсент, декани
факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ