Кабирӣ дар ёди курсиҳои мулоими вакилӣ
Наҳзатиён боз ба сўҳбатҳои пасипардагии худ шурўъ намуда истодаанд. Мавзўи сўҳбаташон оид ба қонунгузории кишвар бахасус Қонуни ҶТ “Дар бораи интихобот”, буд. Мавзўи интихоботи дар пеш истодаи парлумони кишвар барои онҳо яке аз мавзўҳои мубрами доғи рўз ба шумор меравад.
Наҳзатиён дар раванди баргузории интихоботи Парлумони кишвар худро гӯё ба ҳайси ҳимоятгарони шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои дигар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд нишон доданӣ ҳастанд. Онҳо мехоҳанд бо ҳар баҳона муҳоҷирони меҳнатиро ба самти худ кашанд ва онҳоро гумроҳ намуда ҳадафҳои ғаразонаи худро амалӣ созанд.
Разилон медонанд, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қувваи асосиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва гумроҳ кардани онҳо кори хеле осон буда, мақсадҳои нопокашонро ба воситаи онҳо амалӣ сохтанӣ ҳастанд. Ба андешаи Кабирӣ гўё ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта аксарияташон саводи кофӣ надоранд ва онҳо чӣ гуна дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар ширкат дошта метавонанд. Ба андешаи ғаразонаи ў гўё ҳуқуқҳои онҳо дар ин самт поймол карда шуда бошанд.
Бояд қайд намуд, ки ҷавонони зудбовари дар муҳоҷират буда аз асли ҳолати воқеа хабардор набуда, фирефтаи нобакорони наҳзатӣ шуда ба гурўҳҳои тундрави ифротӣ шомил мегарданд ва ба созмонҳои террористиву экстремистӣ хизмати хирсонаро оғоз менамоянд. Ин гумроҳшудагон намедонанд, ки аз ин созмонҳои ифротӣ ҷои халосӣ вуҷуд надорад ва роҳи бебозгашт мебошад.
Наҳзатиён шарму ҳаёи худро ба хориҷиён фурўхта аз боби интихоботи парламенти кишвар ҳарф мезананд ва роҳбари онҳо, ки худ замоне дар он вакили мардумӣ буд дилаш гум мезанад.
Инсони бонангу номус фирефтаи хоҷагони хориҷӣ намешавад Ватан ва миллати худро дар сомонаҳои гуногун ғаразона сиёҳ намекунад. Ифротиён ки Ватану миллат, дину мазҳаб надоранд аз боби кадом парлумон гап мезананд. Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳеҷ гуна андешаҳои ғаразонаи ифротиёни наҳзат ниёз надорад. Аз ҷавонону шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорам, ки ба ваъдаҳои подарҳавои наҳзатиёни хоин бовар накунанд ва аз паи кору бори худ бошанд. Дар интихоботи парлумонӣ фаъолона ширкат варзанд.
Мирзоев А. – сармуаллими кафедраи
хадамоти гумруки ДДҲБСТ