Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуш аст!

Инсон нафарест, ки бо буда қаноат кунаду  бо дода бизиҳад. Инсон будан дорои маънои бисёрро металабад. Форобии бузургвор, мутафаккири оламшумули форус тоҷик  инсонро ба тариқи зайл баён мекунад: “Бахту саодати инсонро ба дониш ва кӯшишу ғайрати  ӯ вобаста медонад. Ҳамаи он чизе, ки барои саодат расидан муфид аст, некист ва ҳамаи он чизе, ки барои саодатманд шудан монеъ мешавад, бадист”. Аз ин бар меояд, ки инсон барои бо саодат шудан яъне хушбахт будан танҳо худаш қодир аст.

Оре хушбахтии ҳар яки мо дар дасти худи мост. Ва имрӯз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои хушбахт будан, ва оилаи худро хушбахт гардонидан шароит муҳайёст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хушбахт будани ҳар як фарди ватандӯсту ватанхоҳӣ Тоҷикистон тамоми шароитро фароҳам намудаанд. Ношукри намудан, ба қадри ин нозу неъмати ваҳдату истиқлолият нарасидан ин ҳама аз сериву пурист.

Ёд оред баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон дар оғуштаи хун буд, моро ҳамчун давлати қашшоқ мешинохтанд вале ба сари тахт омадани Эмомалӣ Раҳмон муаммои Тоҷикистон бартараф шуда иҷбориён ба Ватан боз гардонида шуданд. Борҳо аз шабакаҳои маҳҳалӣ мо шоҳиди он мегардем, ки Президенти кишвари барои ҳар яки мо маҳбуб Эмомалӣ Раҳмон барои гурезагонро ба Ватан боз гардонидан ба давлати нооромӣ Афғонистон азми сафар мекунанд.

Худи зимистони қаҳратуни ноябру декабри соли 1992 ва моҳҳои январу феврали соли 1993  беш аз сад ҳазор нафар ҳаммеҳанҳои пиру ҷавони мо бо душвориҳои зиёде  аз дарёи Панҷ гузашта, дар Афғонистон макон гирифтанд. Зеро дар натиҷаи ҷанги бародарӣ, ки ҳаёту мамоти  ҳазорон ҳаммеҳанонро ба коми оташ ва ба коми марг гирифтор намуда буд.

Барои дарёфт намудан ва кӯмак намудан ба оилаҳое, ки наздикони худро гум кардаанд  ҷамъияти Пайванд дар Тоҷикистон ва барномаи “Хоки Ватан”- и радиои тоҷик мактуб навишта, хоҳиши онро доштанд, ки пайвандони онҳоро пайдо намоянд. Аз рӯи маълумоте, ки муҳаррири барномаи “Хоки Ватан” Сафаралӣ  Нозимов иттилоъ медиҳад, аз ибтидои соли 1993 тавассути барномаҳои ахбори “Мо ва шунаванда” эълонҳои шахсони гумном то охири моҳи март пахш ва шумораи зиёди фирориён  ба Ватан баргардонида шуданд.

29-уми марти соли 1993 бо ташаббуси Шӯрои Вазирон ва раиси ҳамонвақтаи Кумиати телевизион ва радиои Тоҷикистон И.Усмонов нахуст барномаи  “Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар” таъсис ёфт ва он бо муроҷиати  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми иҷборан тарки Ватан карда рӯи мавҷ дар тӯли 30 дақиқа пахш гардид.

Ва аз ҳамон лаҳза ба унвони барнома ва ба номи  “Пайванд” мактубу дархостҳои зиёде ворид мегардид.

Ин гуфтаҳо моро боз як бори дигар собит месозад, ки ба қадри Истиқлолият бирасем аз бӯҳрони солҳои 90 – ум мо кайҳо баромада имрӯз Тоҷикистонро пешвои миллат халқи бо нангу номуси миллат Тоҷикистон гардонидааст. Баъди аз бӯҳрон баромада озодона зиндагӣ намудани халқи тоҷик  бархе афродоне, пайдо мешаванд, ки ҳатто  инсон гуфтан норавост ба шаъну шарафи миллати тоҷик нафрат меорад.  Пеш  аз қалам ба даст гирирфта як чӣ навиштан аввал андеша бояд кард. Ман худ кистам, аз куҷоям ва дар кадом дудмон сабзидаам. Нахуст аҷдодони ман ки буданд, аз куҷоанд. Ман дар бобати ки навишта истодаам, киро сияҳ карданиям. Нафароне, ки аз ватани худ рӯй метобанд, аз волидайни худ рӯй метобанд. Аз болои миллати тоҷик менависанд. Онҳо на танҳо сарвари худро, миллати худро баруи  гузаштагони аҷдодии худро бобоёну падарони худро ор мекунанд. Магар ин шараф аст барои мард. Тарсу ҳарос, беимонист, ки аз дури дуриҳо Ватани худро, миллати худро олуданианд. Ҳеҷ вақт, ҳеҷ нафари беимон наметавонад некиву адолатро ғолиб гардад. Лаънат, ки аз Ватан канда шуданд. Дар ягон дин нагуфтааст, ки инсонозорӣ раво бошад.

Пӯлотова М. – ассистенти кафедраи

 фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like