Тоҷикистон яке аз давлатҳои боамн дар ҷаҳони муосир
Чанде қабл тавассути сомонаи интернетии “Ютуб”, барномаи «Суҳбати муҳим» – ро тамошо доштем, ки он ҷо сўхбати муҳимме бо директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода рўи навор омада буд.
Ҳадаф аз суҳбати мазкур ин муаррифӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази иттилоотиии америкоӣ оид ба дар миёни 142 давлати ҷаҳон аз ҷиҳати амният ва бехатарӣ ҷои дуюмро ишғол намудани кишвари маҳбубамон ба шумор меравад. Ин муваффақият яке аз беназиртарин дастовардҳои Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки онро ҳар як фарди кишвар бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд ва эҳтиёт намоянд.
Лозим ба қайд аст, ки дарки амиқи манфиахои геополитикӣ ва таъмини амнияти Точикистон дар шароити инкишофи низоми навини олам, ки ба бисёр маркази сиёсию кудратӣ асос ёфтааст, аҳамияти ҳам илмию назариявӣ ва ҳам сиёсию амалиро касб намудаанд. Таҳлили ҷанбаҳои гуногуни масъалаи амнияти мамлакат ва таҳлилу таркиби он ба инкишофи ҷомеъа ва рушду таҳкими он таъсири муҳим мерасонад. Ин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳимояи манфиатҳои таъмини амнияти кишварро ҳамчун вазифаҳои муҳимтарин ва афзалиятноки фаъолияти хеш медонад.
Барои таҳкими устувории давлат ва ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо судмандро андешида истодааст. Зеро устувории ҳар як давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама аз мавҷудияти шароити дохилӣ ва самаранокии сиёсати берунӣ кишвар вобастагии калон дорад.
Бинобар ин, барои таъмини амнияти давлатӣ ҳалли буҳрони сиёсӣ ва ҷанги бардавоми Афғонистон, пешгирӣ намудани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигар, ба андешаи мо, бояд ҳар чӣ зудтар бартараф гарданд.
Вобаста ба вазъияти инкишофи низоми муосири олам, халалдор намудани вазъи ороми Тоҷикистон аз ҷониби баъзе гурўҳҳои нохалаф, пешгирӣ намудани содиршавии ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, бахусус, васеъ гаштани таъсиру нуфузи ҷараёнхои экстремистӣ, ки бештар дар ниқоби динию мазҳабӣ, этникӣ, маҳалгароӣ ва ғайрахо амал менамоянд, касро ба андеша водор мекунанд. Чунин чиҳатхоро ба этибор гирифта, Ҳукумати Тоҷикистон имрўзҳо дар ду самти асосӣ корбарӣ намуда истодааст
– дар самти сиёсати дохилӣ. Пешгирӣ гардидани ҳар гуна амалҳо ва харакатхое, ки эхтимолияти халалдор менамоянд
– дар самти сиёсати байналмилалӣ. Таърих шоҳиди он аст, ки Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият сиёсати сулҳҷўёнаро пеша намудааст ва ҳамкорӣ бо давлатҳои ҷаҳонӣ, созмонҳои минтақавӣ ва байналмиллалӣ хеле самаранок ба роҳ монда шудааст.
Созмон ва фаъол намудани Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ва ба он дар баробари давлатҳои Россия, Қирғизистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Арманистон аъзо шудани Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки Тоҷикистон дар самти таъмини амният ва бехатарии минтақаи Осиёи Марказӣ беназир аст.
Санавваров Ғ.Б. – н.и.ҳ., дотсент, мудири
кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ