Сулҳу субот – омили пешрафти ҷомеа

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси назарсанҷии созмони байналхалқии “КОЛАБ” оиди пойдории сулҳу суботи сиёсӣ дар байни давлатҳо ҷойи дуюмро сазовор гардид. Чунин баҳои созмони байналхалқӣ барои Тоҷикистон баҳои баланд буда ва он далели эътироф карда шудани дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон сиёсати созандагию бунёдкориро ба роҳ монда ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардида истодааст. Яке аз дастоварди хурсандибахш ин паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аст, ки он аз 81 фоизи соли 1999 то 28 фоиз дар соли 2017 фароварда шуд. Чунин дастовард албатта дар натиҷаи корҳои зиёди ташкилӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва хоҷагии халқи мамлакат дарак медиҳад.  Пешрафти иқтисодиёт дар натиҷаи сохта ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ ба амал омаданд. Ва ин нуктаро ба инобат гирифта, давлату ҳукумат соли ҷорӣ ба қатори ҳадафҳои стратегӣ “саноатикунонии мамлакат”-ро ҳадафи чоруми стратегӣ унвон намуд.

Дар зарфи бисту ҳашт сол дар ҷумҳурӣ 2300 корхонаҳои саноатӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон кард. Ҳадафи асосии ин сиёсат ҷумҳуриро ба малакати саноатӣ – аграрӣ табдил додан мебошад.

Дастовардҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ барои боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар байни давлатҳои ҷаҳони муосир гардида истодааст. Пойдории сулҳу субот барои дар ҳалли муаммоҳои глобалии умумиҷаҳонӣ иштирок  намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихору сарбаландӣ мебошад.

Дар натиҷаи сиёсати дарҳои кушод робитаҳои Тоҷикситон бо давлатҳои ҷаҳони муосир сол аз сол инкишоф ёфта истодааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 160 давлатҳои ҷаҳони муосир муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дорад. Ба ғайр аз ин Тоҷикистон узви 50 созмонҳои байналхалқӣ ба шумор меравад. Шаҳрвандони Тоҷикистон хуб дарк намуданд, ки ҳамаи дастовардҳои ҷумҳурӣ самараи сиёсати сулҳу ваҳдат мебошад, ки он бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардонида шуда истодааст.

Бинобар ин имрӯз сиёсати сулҳу суботи сиёсӣ меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like