Нақшаҳое, ки худи наҳзатро сузонд!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ барҳақ таъкид доштанд, ки вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард» боиси нигаронӣ гардидааст.

Дар ҳақиқат айни ҳол дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардидааст. Дар ин давра зиёда аз  садҳо мардуми давлатҳои дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён  ба мисоли Сурияву Ироқ қарор гирифтаанд.

Имрӯзҳо пайравон ва аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистӣ, ки дар давлатҳои хориҷи кишвар қарор доранд, бо ҳар роҳ ва тарз мехоҳанд  вазъияти оромии кишвари азизамонро халалдор намуда, бо роҳи барангехтани кинаву адоват байни мардуми миллати тоҷик низоъҳо ба миён оранд.

Фаъолияти ТЭТ ҲНИ зидди ҳастии давлати конститутсионӣ буда, манфиатҳои давлату миллат барояшон арзише надорад, ки исботи онро ҳоло аксарияти мардуми тоҷик дарк намуда истодаанд.

Ҷанги шаҳрвандие, ки халқи мо аз сараш гузаронидааст аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳз ҳамин аъзоёни ҳизбҳо пеш аз ҳама аъзоёни ҳизби ба ном исломӣ  ба сари мардуми кишвар ҷанги шаҳрвандиро таҳмил намуда, сабабгори бесаробон мондани даҳҳо оилаҳои тоҷик, доғи марги фарзанд чашидаи садҳо модарони тоҷик гаштанд ва миллатро қариб ба нобудӣ расониданд.

ТЭТ ҲНИ аз хориҷа истода зидди давлати соҳибистиқлоли мо нақшаҳо кашида, рӯирост бадгӯиву бӯҳтонҳо мекунанд. Аммо боре ҳам амалҳои худро ба тарозуи воқеият баркашида ба хулосае намеоянд, ки чӣ бадбахтиҳоро ба ҷомеаи  бегуноҳи Тоҷикистон оварданд. Роҳе ки онҳо интихоб карданд, барои мардум нохушиҳои зиёде овард ки барои сабти он дар рӯи қоғаз забони мо лол мемонад.

Аммо миллати  тоҷик аз сияҳкориҳои онҳо ҳамеша воқиф гардида кирдорҳои бади онҳоро нисбати мамлакат ҳамеша пешгирӣ менамояд.

Дар ҳолати васеъ будани ҷаҳонбинӣ ва шуур ягон афрод наметавонад шахсеро ба ҳар гуна доми фиреб кашад, ё бо суханони сафсатаву бофтаи худ ба ягон гурӯҳи террористӣ шомил созад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, бар зидди терроризм ва экстремизм муқовимат карда, бо мақсади мубориза бар гурӯҳҳои ҷинояткор мубориза бурда истодааст. Баҳри ваҳдати миллӣ ва ободонии кишвар, барои нигоҳ доштани фазои сулҳу субот дар кишвари азизамон ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки гурӯҳҳои тахрибкор оромии моро халалдор намоянд.

Воҳидова З.Р. – ассистенти

кафедраи технологияҳои

иттилоотию коммуникатсионӣ

ва барномарезии ДДҲБСТ

You might also like