ОШТИНОПАЗИРИИ ҶАВОНОН БА КОРРУПСИЯ МУҲИМ АСТ
Дарёфти механизмҳои муассири муқовимат ба амалҳои коррупсионӣ дар шароити имрўза яке аз ҳадафҳои муҳимми субъектҳои зиддикоррупсионӣ ва мардуми Тоҷикистон мебошад. Зарур медонем, ки чораҳои самарабахши кўтоҳмуддат ва дарозмуддати муқовимат ба коррупсия дар кишвар андешида ва амалӣ намуда шаванд. Ба андешаи мо яке аз чораҳои муҳимми дарозмуддати муқовимат ба амалҳои коррупсионӣ ва паст намудани сатҳи ин зуҳуротро таҳкими рўҳияи оштинопазирӣ ба ин мушкилот ташкил медиҳад. Хусусан зарур мешуморем, ки ба тарбияи рўҳияи оштинопазирӣ ба коррупсия миёни насли наврас ва ҷавонони кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардад. Ба андешаи мо бо таҳким бахшидани оштинопазирӣ ба коррупсия миёни қишрҳои мухталифи аҳолии кишвар, хусусан ҷавонону наврасон мо метавонем тадриҷан зуҳури амалҳои коррупсиониро пешгирӣ намоем ва сатҳи онро паст гардонем.
Сиёсати зиддикоррупсионӣ дар шароити Тоҷикистон дар он сурат самараи бештар дошта метавонад, ки дар амалӣ намудани он тамоми абзорҳо, имкониятҳо, нерўҳо ва дар умум аҳли ҷомеаро бар алайҳи ин мушкилот равона карда бошем. Дастгирии ҷомеа ва ҳар фарди он, хусусан насли наврас ва ҷавононро дар самти муқовимат бо коррупсия муҳим шуморида, зарур аст, ки ҷавонони кишвар сатҳи муайяни дарки мушкилоти коррупсияро дошта бошанд.
Вазифаи муҳимми тарбияи зиддикоррупсионии шаҳрвандони кишвар, хусусан ҷавонону наврасон таҳким бахшидани донишу фаҳмиши онҳо перомуни паёмадҳои баду манфии ин зуҳуроти номатлуб мебошад.
Хушбахтона, дар сиёсати амалии Тоҷикистон ба масъалаи таҳким бахшидани рўҳияи оштинопазирии мардум ба коррупсия таваҷҷуҳи хоса карда мешавад. Барои мисол дар Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ин ҷиҳат таваҷҷуҳи махсус равона карда шудааст. Яке аз вазифаҳои асосии амалисозии ин ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои оштинопазирӣ ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст. Хусусан чунин ҳадафе пеш гузошта шудааст, ки тавассути баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти муқовимат ба коррупсия замина ва шароити зарурӣ барои тоқатнопазирии ҷомеа бо зуҳуроти коррупсия фароҳам оварда шавад. Дар амалӣ намудани стратегияи мазкур мусоидат намудан ба татбиқи барномаҳои маърифатӣ ва таълимӣ, ки ба кодексҳо ё меъёрҳои рафтор асос ёфтаанд, ҳамчун принсипи муҳим шинохта шудааст.
Ба андешаи мо барои таҳким бахшидани рўҳияи оштинопазирии ҷавонон ва наврасон ба коррупсия, таваҷҷуҳ намудан ба ҷиҳатҳои зайлро муҳим мешуморем.
Лозим ба ёдоварист, ки фазои оштинопазирӣ ба коррупсия метавонад кафолати тадриҷии пешгирӣ ва рафъи ин мушкилот дар ҷомеаи мо бошад. Аз ин рў, зарур аст, ки паҳлўҳои мухталифи иҷтимоӣ ва равонии таҳкимбахшии оштинопазирии ҷавонон ва наврасон ба коррупсия мавриди омўзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шавад. Танҳо дар заминаи иттилооти илмӣ ва воқеӣ мо метавонем, роҳҳои муассири таҳкимбахшии рўҳияи оштинопазирӣ бо коррупсияро миёни ҷавонон ва наврасон ошкор намуда бошем.
Миралиева М.О. – муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ