Терроризм рафтори ношоистаи инсон аст
Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар арсаи байналхалқӣ ва ҳалли муаммоҳои дохилии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст. Албатта инкор кардан мумкин нест, ки дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ муаммоҳои зиёде мавҷуд мебошанд. Ин дастовардҳои кишварро гурўҳҳое ҳастанд, ки нодида мегиранд. Зиёда аз ин қувваҳое ҳам мавҷуданд, ки ба ҳукумати имрўза дар мухолифат қарор дошта, мехоҳанд вазъро ноором созанд.
Чуноне ки иттилоъ дорем, соли равон дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ва кулли Аврупо таркишҳои мудҳиши террористӣ ва тирпаррониҳои шадид такон дод. Ин амалҳои ваҳшиёнаи зиддиинсонӣ, ки бо номи давлати исломӣ баромад мекунанд, барои мардуми ҷаҳон корҳои онҳо зарурат надорад, ки онҳо сохти давлат ва ҷомеаро дигаргун намоянд. Мардуми тамоми ҷаҳон аз давраҳои қадим то ба имрӯз фақат барои тинҷию зиндагии хушбахтона мубориза мебаранд. Ягон дине дар ҷаҳон нест, ки инсонро ба зуроварию ваҳшонияту гаравгонию инсонкушӣ даъват намояд. Ҳар як дине, ки дар ҷаҳон пайдо шудааст, мардумро ба тинҷию осоиштагӣ тарғибу ташвиқ мекунад. То якдигарро дӯст доранд, хиёнат ба ҳамдигар накунанд, муносибати некбинона бо якдигар дошта бошанд, шаҳодати дурӯғ надиҳанд, дуздӣ накунанд, қатъи зӯроварӣ набошад. Акнун ин чӣ хел дине аст, ки тамоми ҷаҳонро ба ларзиш оварда истодааст, ба осудагии мардум халалдор мекунад. Вақте, ки инсон дар ин рӯзҳои вазнини иқтисодӣ зиндагии худро гузаронида истодааст, чӣ мехоҳанд? Мусалмон он шахсе, ки бо дасту забонаш касеро озор надиҳад. Пас, ин шахсон кӣ ҳастанд? Дар ягон қонуни зиндагӣ ва сарқонуни тамоми ҷаҳон гуфта нашудааст, ки инсонро аз зиндагӣ маҳрум созанд. Ин қадар инсонҳоро аз пайвандонашон xудро сохта истодаанд. Марги садҳо нафар кушташудагон бар гардани кист? Ашки модарони фарзандгумкардагонро кӣ бармегардонад? Дар дини ислом эҳтироми волидайн ва онҳоро ҳурмату эҳтиром кардан дар ҷойи аввал меистад. Акнун чаро амалҳои террористӣ бо номи давлати исломӣ ин қадар модаронро сӯзу гудоз менамояд. Аз чунин амалҳои мудҳиши террористӣ тамоми фарзандони ҷаҳон бераҳму шафқатӣ меомӯзанд, на ин ки инсону инсонгароӣ. Барои баркамол тарбия ёфтани кӯдакон як идда гурӯҳҳои манфиатҳоҳ ба аҳли башар халалдорӣ намуда истодаанд. Фарзандоне, ки кушта шудаанд, чӣ гуноҳ доранд, ки ба гаравгонӣ, мегиранду мекушанд. Он шахсоне, ки ба чунин амалҳои зишт даст мерасонанд, модар, фарзанд, бародар, хоҳар надоранд магар?
Барои он давлат бунёд ёфтааст, ки амнияти халқро ба зиммаи худ гирад. Вақте ки ин қотилонро дастгир мекунанд, ҳатман бо ҷазои сахти қонунӣ бояд аз озодӣ маҳрум карда шаванд. Сипас, дарк кунанд, ки озодӣ беҳтар аст ё маҳрум аз озодӣ! Ҳарчанде, ки онҳо аз озодӣ маҳрум шаванд ҳам, онҳо дар ҳаёт зиндагӣ мекунанд. Лек шахсоне, ки шаҳид гаштаанд, дигар дунёро намебинанд. Аз замонҳои гузашта то ба имрўз барои зиндагӣ инсон мубориза мебаранд, ин мубориза барои таҳлили некию бадӣ аст ва ҳатман ин некӣ ғалаба хоҳад кард.
Қодирова Н.А. – муаллими калони кафедраи маркетинг- агробизнеси ДДҲБСТ