Ҷонибдори осмону софу беғуборем!

Масъалаҳои суботу амнияти минтақа  ва ҷаҳон яке аз масъалаҳои глобалӣ ба ҳисоб  рафта, мавқеи калидӣ дорад.  Таҳдид ба амнияти Осиёи Марказӣ як хатари воқеист ва як кишвар танҳо қодир нест, ки ин таҳдидро аз байн бубарад.

Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм кишвари фаъол маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сангари мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ қарор дорад ва ҳамчун «дарвозаи ҷануби»-и кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эътироф шудааст.

Дар баъзе кишварҳо чор даҳсола инҷониб амният таъмин намегардад. Дар Афғонистон артиши террористӣ вуҷуд дорад, ки қариб 70% ҳуддуи кишварро идора мекунанд, ки 20 гуруҳҳои террористии иборат аз 60-70 ҳазор ҷангҷўён мавҷуд аст. Чанде пеш маълум шуда буд, ки Амрико аз Сурияву Ироқ 10 ҳазор ҷангҷӯро аз гуруҳҳои ДОИШ ба Афғонистон интиқол медиҳад.

Тайи 3 соли охир шумораи ҷанговарони гуруҳҳои террористӣ ДОИШ дар Афғонистон се баробар афзудаанд. Дар баробари Гуруҳҳои “Толибон” ва ДОИШ, калонтарин гуруҳи террористии Осиёи Ҷануби “Лашкари Тайба”, ташкилоти экстремистии тоҷикон “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҷамоати исломӣ”, ҳаракати террористии узбакҳо “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Гуруҳи Туркистони Шарқӣ” – ҷараёни уйғури, ки дар ҳудуди Чин мардумро ба сӯи Ислом даъват мекунад (дар Русия мамнуъ) дар Афғонистон маскун гирифтаанд.

Албата рӯйхати чунин гуруҳҳо зиёданд. Ҳарчанд ҳаракатҳои тундрави мазҳабӣ аз ҷумла ҷунбиши Толибон ва созмони Ал-қоида дар Афғонистон шикаст хӯрдаанд, аммо боз ҳам хатари террористӣ ба амнияти минтақаро таҳдид мекунад. Ва ин зуҳурот тақозо мекунад, кишварҳои минтақа дар амалкард ва мубориза бо терроризм амалкардаҳои худро ҳамоҳанг созанд. Ором будани ин минтақа оромии минтақаҳои дигар мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ нисбати қазияи Афғонистон истода гузаштанд.

Имрўз ниҳодҳои қудратии мамлакат  баҳри пешгирии ҳамагуна амалҳои ноҷавонмардонаи тундгарон тамоми имкониятҳои техникӣ, технологӣ ва ҳарбиро дорад, ки ин омили муҳими амнияти кишвар аст. Тоҷикистон барои устувор нигоҳ доштани дастовардҳои худ қадамҳои ҷиддӣ мегузорад. Аз ҷумла пешгирӣ аз чандин актҳои террористӣ ва безарар гардонидани гуруҳҳои ифротиву ҷангҷӯ қаламрави мамлакат гувоҳӣ он аст. Дар партави сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ алайҳи муҳокимарониҳои радикалӣ, ифротгароӣ, тундгароӣ ва терроризм байни дигар кишварҳо муқовимати ҷиддӣ нишон медиҳад. Халқи шарафманди тоҷик дар ин масъала ҷонибдории амнияти билкулли минтақа ва ҷаҳон баромад менамояд.

Азимова Н.С. – н.и.п., дотсент,

мудири кафедраи фанҳои риёзӣ-

табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

You might also like