Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – заминаи асосӣ барои рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии ҳар давлат пояи ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаро муайян месозад. Дар ин санади тақдирсози давлатӣ ҳадаф, ормон, ҳуқуқу озодиҳо, сохтори ҳокимият ва роҳҳои пешрафти миллат акс меёбанд. Дар Тоҷикистон низ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастури ягонаи ҳаёти давлатдорӣ ва ҷомеа, 6 ноябри соли 1994 аз тарафи мардуми кишвар тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ бозид ва меъёрҳои он ҳуқуқи моликият, соҳибкорӣ ва рақобати озодро таъмин намуд. Дар моддаҳои асосии Конститутсия, аз ҷумла моддаи 12, гуногуншаклии моликият ва озодии фаъолияти иқтисодӣ муқаррар шудаанд, ки ин асоси рушди устувои иқтисодӣ мебошад.

Конститутсия, инчунин кафолати суботи иҷтимоиву иқтисодиро таъмин мекунад, ки барои ҳама субъектҳои иқтисодӣ шароити асосӣ барои сармоягузорӣ мебошад.

Соли 2024 –ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод. Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.

Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.

Ҳамаи ин маълумотҳо шаҳодати он, ки меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди иқтисодии мамлакат нақши калидӣ мебозад.

Раҳимов А.М.- профессори кафедраи назарияи иқтисоди ДДҲБСТ

 

You might also like