Террористони ҳаммаслаку ҳамрадиф
«ДОИШ» ҳанӯз соли 2014 аз сустии ҳокимияти марказии Ироқ баъди сарнагун гаштани Саддом Хусейн истифода бурда, як қисми сарзамини ин кишвар, дертар қисми зиёди хоки Сурияро бо дастгирии ИМА забт намуда, таъсисёбии ««ДОИШ» эълон намуданд, ки мақсади он аз нав барқарор кардани Хилофати бузурги исломие буд, ки асри 8 дар натиҷаи забткориҳои халифони он давраи араб ба вуҷуд омада буд.
Аз хунхорӣ, разолат, касофати ин давлати ба ном исломӣ, ки бо исломи аслӣ ҳеч умумияте надорад, тамоми аҳли башар хабардор аст. Азбаски, ин давлати ифротиву террористӣ хавфи аввал дар машриқзамин баъдтар дар «ДОИШ»гар минтақаҳои олам паҳн шуданро пайдо намуд, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум карда шуд ва давоми солҳои 2016-2017 аз тарафи қуваҳои мусаллаҳ Сурия бо кӯмаки ҳарбии Русия саркӯб гашта ба шикасти шадид дучор гардид.
Лекин, ҳоло сарварони онҳо айнан мисли роҳбарони ТЭТ ҲНИ ба кишварҳои гуногун фирор карда, ниятҳои нопоки худро акнун дар дигар минтақаҳо амалӣ гардонидан мехоҳанд. Баъди «ДОИШ» шикаст хӯрдан дар Ироқу Сурия (ҳоло дар минтақаи Идлиби Сурия як гурӯҳ аз ҷонибдорони онҳо боқӣ мондаасту халос) саркардагони гурезаи «ДОИШ» дар ҷустуҷӯи пойгоҳи нав, фаъолияти худро аввал дар Либия, баъд дар Афғонистон шурӯъ намуданд. Мувофиқи ақидаи таҳлилгарони сиёсии байналхалқӣ аз ҳақиқат дур нест, ки «ДОИШ» ҳамчун пойгоҳи нави худ Афғонистонро интихоб кунад, зеро ҳокимияти имрӯзаи ин кишвар имконияти идора намудани тамоми қаламрави худро надорад.
Мувофиқи маълумоти сохтори мухобиротии Русия, имрӯз ҳокимияти давлатии Афғонистон 40%, “Толибон” ва ҷонибдорони онҳо 50% ва «ДОИШ» 10% қаламрави мамлакатро назорат мекунанд. Пас алакай «ДОИШ» заминаеро барои бунёд кадани давлати исломии ифротгаро дар кишвари бо мо ҳамсоя ба вуҷуд овардааст. Дар ин ҷой саволе ба миён меояд, ки агар, «ДОИШ» дар Афғонистон қувват гирифта ба Ватани мо таҳдад намояд, Кабирӣ ва пайравони ӯ ҷонибдори ҳимояи сарзамини аҷдодиашон-Тоҷикистон мешуда бошанд ё бо «ДОИШ»?
Мантиқан онҳо бояд ҷонибдори «ДОИШ» бошанд, зеро, мақсад, ният, нақша усули корбарии онҳо якхела буда, ҳар ду ҳам нияти барпо намудани давлати исломиро доранд. Фаъолияти «ДОИШ» дар Ироқу Шом ва амалҳои нахзатиён дар Тоҷикистони солҳои навадум нишон дод, ки муборизаи чунин ҳизбу сохторҳои ифротиву террористӣ барои бунёд кардани давлати исломӣ чӣ бадбахтиҳо ба сари шаҳрвандои оддӣ меорад.
Далели «ДОИШ»-гарӣ пайвастагии ин ду тоифаи ифротӣ, вақтҳои охир дар он зҳир гардид, ки дарҳол баъди ваҳшиёна зери чархи мошин пахш карда куштани чанд тан саёҳони хориҷӣ, «ДИИШ» масъулияти ин амали террористиро ба зима гирифт, ҳол он ки дар рафти тафтишот маълум гарид, ки ин амали хиёнаткорона аз тарафи аъзоён ва ҷонибдорони ТЭТ ҲНИ бо супориши хоҷагони хориҷиашон руҳ додааст.
Беҳуда нест, ки дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустиқил (СНГ) дар Душанбе моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор гардида, ба муборизи дастиҷамъона бар зидди чунин ҳизбу ҳарактҳои террористиву экстремистӣ дар арсаи байналхалқӣ ва қаламрави ИДМ диққати махсус дода шуд.
Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «Имрӯз ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва заҳмати созандаву софдилона барои рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ вазифаи ҳар шаҳрванди ватандӯст ва бонангу номуси кишвар мебошад, чунки ояндаи ободи сарзамини аҷдодиамон аз ин омилҳо вобастагии муҳим дорад».
Муртазоев С. – н.и.ф., дотсенти кафедраи
фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ