Рамзи ватану ватандорист!
Пешниҳоди бомавриди маорифчиёни Вазорати Мухтори Куҳистони Бадахшон боиси таҳсин ва дастгирист. Агар ба оинаи нилгун назар афканем ҳар руз соати 6-и субҳ ва 12-и шаб Суруди милии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аксари телевизионҳои Тоҷикистон садо медиҳад. Дар вақти садо додани муқаддасоти миллӣ дар вуҷуди ҳар шунаванда як эҳсоси наҷибе ҳувайдо мешавад. Эҳсосе, ки онро наметавон ба сухан баён намуд. Дар муддати 4-5 дақиқаи садо додани Суруди миллӣ «Диёри арҷманди мо…» ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол, нишони соҳибихтиёрӣ, рукни муқаддаси миллӣ, муаррифномаи мамлакати мустақил ва ифтихору эътибори тоҷикистониён танинандоз гардида, башорат аз нияту ормонҳои халқу миллат ва диёри кўҳсорон – Тоҷикистони азиз ба тамоми ҷаҳону ҷаҳониён мерасонад.
Суруди миллӣ ин ифтихору эътибори миллат ва яке аз рамзҳои муқаддаси давлатӣ буда, дар моддаи 3-юми Конститутсияи мамлакат омадааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст». Дар банди аввали Низомномаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавзеҳи зерин зикр шудааст, ки «Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дўстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад.
Таърихи пайдоиши Суруди миллӣ, ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ таърихи на чандон тўлонӣ дорад. Яке аз аввалин Суруди миллии тарвиҷгардида дар Аврупо ин гимни миллии Британия – «Худовандо, шоҳро дар паноҳат дор!» («God save our Lord the King») мебошад. Аҷибаш дар он аст, ки суруди мазкур ҳамчун суруди расмии давлатӣ (онро на шоҳ ва на парлумон тибқи қонун тасдиқ накардаанд) маҳсуб намеёбад. Суруди миллӣ ва ё Гимни Тоҷикистон дар шакли расмӣ низ мисли дигар гимнҳои давлатҳо таърихи на он қадар тўлонӣ дорад. Нахустин Гимни давлатии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1946 (дар баъзе қайдҳо соли 1944, 1945 маҳсули қалами устод Абулқосим Лоҳутӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков) қабул гардид ва дафъаи дуюм бошад, бо Фармони Президиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1977 дар таҳрири нав бо матни шоири инқилобӣ устод Абулқосим Лоҳутӣ ва оҳанги С.Юдаков тасдиқ гардида, аз 1 феврали соли 1978 то соли 1994 амал мекунад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатиамон эҷод ва зарурати таълифи Суруди миллӣ ба миён омад. Хушбахтона, 7 сентябри соли 1994 аз тарафи Шўрои Олӣ дар Иҷлосияи 19-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, аз ҳамин давра Суруди миллӣ бо матни Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулназар ва оҳанги Сулаймон Юдаков дар фазои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол танинандоз аст. Дар боби 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 12 майи соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, ба Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, тартиб ва мавридҳои иҷро гардидани онро муқаррар кардааст.
Мутобиқи қонунгузории “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикргардида ҳангоми садо додани Суруди Миллӣ ҳозирин бояд аз ҷой бархеста, рост истанд. Суруди миллӣ баъди савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми оғозу анҷоми ҷаласаҳои сатҳи давлативу ҳукуматӣ, ҷашнҳое, ки иди умумихалқӣ эълон шудаанд, оғозу анҷоми барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ, сарфароз гардондан бо мукофотҳои давлатӣ, истиқбол ва гусели сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ки ташрифи расмӣ доранд, баргузории маросимҳои ҳарбӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва маросимҳои дигари тантанавӣ садо медиҳад. Барои таҳқири рамзҳои давлатӣ мувофиқи моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.
Суруди миллиро мо тоҷикону тоҷикстониён бо ифтихор мехонем ва азизу гиромӣ медорам. Суруди миллӣ, воқеан рўҳи моро болида месозад, эҳсоси моро меангезад, ба мо дармону имон мебахшад,.
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.
Суруди миллии мо рисолати худро ҳамчун рамзи шоистаи давлати соҳибистиқлоли мо дар тўли 25 соли мавҷудияташ бо сарфарозӣ ба ҷо оварда, тарвиҷгари ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллии мо ҳамчун башоратнома ва муаррифгари миллату давлати «Тоҷикистони озоди ман» мебошад.
Нахустин ва меҳрубонтарин садо барои кудак суруди аллаи модари худ бошад, пас барои мо фарзандони ин Ватан Суруди миллӣ азизтарин, муқаддастарин ва гиромитарин суруд мебошад. Пас моро воҷиб ва зарур аст, ки онро арҷгузорӣ ва азиздорӣ намоем. Ҳар гаҳе ки Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон танинандоз мегардад, бо муҳаббат аз ҷой бархезем ва даст болои қалби худ гузошта бо як нидо онро сароем:
Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озодӣ ман!
Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти кафедраи
сиёсатшиносии ДДҲБСТ