Сияҳдилони наҳзатӣ
Ба истиқлолияти миллӣ расидани Тоҷикистон марҳилаи таърихан нави мардуми тоҷик аст, ки баъд аз чандин аср ба вуқўъ омад. Агар ба таърих нигарем, танҳо замони дар Сомониён тоҷикон ба истиқлолияти комилан милливу маънавӣ расида буданд. Истиқлолияти миллӣ баъди аз байн рафтани давлати абарқудрати Шўравӣ барои Тоҷикистон ҳамон истиқлолияти комили даврони Сомониёнро ба ёд меорад. Аз ҳамин назар ба истиқлолияти Тоҷикистон, ки марҳилаи нави таърихӣ маҳсуб меебад, бояд муносибати ҷиддӣ сурат бигирад.
Зуҳури истиқлолият заминаи хубе барои густариши соҳаҳои мухталифи ҷомеа фароҳам овард, ки пеш аз ҳама ба сиёсати имрўзаи ҳукумату давлат иртиботи зич дорад. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин марҳилаи сифатан нав тавонист ба сулҳу амният таҳким бахшида, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии кишлоқ ва самтҳои мухталифи илму маданият низ дастовардҳои назаррасеро соҳиб гардад, ки шоистаи истиқбол аст. Ба хусус, таваҷҷўҳи ҳукумату давлат ба бузургдошти арзишҳои милливу маънавӣ аз сиёсати солим дар ин даврон дарак медиҳад. Зеро маҳз ҳамин сиёсат дар эҳё ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳоло бошад Ватани азизамон Тоҷикистон ба сафи мамлакатҳои пешрафта даромада, шаҳрвандонаш орому осуда ва сарбаландона зиндагӣ доранд.
Қайд кардан лозим аст, дар вақтҳои охир дар ҷаҳон муборизаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоии байни давлатҳо, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун дар авҷ аст, ки яке аз онҳо мубориза зидди терроризм ва экстремизм. Бояд қайд намоям, ки барои ҳар як шахси бедордилу равшанфикр ва масъулиятшинос мубориза барои ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон бояд дар мадди аввал истад.
Афсус, вақтҳои охир омилҳои гуногуни хатарноки бегонагон ва бегонапарастон зоҳир шуда истодааст, ки кулли шаҳрвандони мамлакати моро ҳам ба изтиробу нигарониҳо овардааст. Барои амали шудани орзуҳои худ, марому мақсадҳои аҷнабиён гурӯҳе аз шаҳрвандони мамлакат фирефта шуда, ба гирдоби фалокат фурӯ рафтанашон аксариятро ба андеша ва тадбирҷӯиҳо водор намудааст, ки ба қатори ин гуна падарсӯхтаҳо М уҳиддин Кабирӣ дохил мешавад. Онҳо тавассути сомонаи худ “Паём.нет” нисбати Ватани азизамон Тоҷикистон таҳкиру ҳақоратҳоро раво дида истодааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро қаҳрамон ва ҳукумати конститутсиониро таҳқир менамоянд.
Наҳзатиён бо роҳбарии Кабирӣ мехоҳанд бо дасисаву иғво тарафдорони худро зиёд сохта, ҷомеаро ба сӯи гумроҳӣ барад. Вале ин амали онҳо пойанда нест. Зеро халқ худ бадиро аз некӣ ҷудо карда метавонад. Ба ин сияҳдилон гуфтанием, ки биёед ба рушди кишвар бо чашми ҳақбин нигарем. Ба пешрафту хизматҳои шоистаи мардуми сарбаланди тоҷик ва тоҷикистонӣ арҷ гузорем.
Қосимова М.И. – сармуаллимаи кафедраи
кафедраи технологияи иттилотӣ
дар иқтисодиёти ДДҲБСТ