Нақши Паём дар рушди соҳаи кишоварзӣ
Санаи 28 декабри соли ҷорӣ чун анъана дар пойтахти кишварамон ш.Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми кишвар ироа намуданд.
Баҳои баланди Президенти Тоҷикистон ба натиҷаҳои соли 2024, новобаста ба мураккабшавии вазъи сиёсии ҷаҳони муосир нишони он аст, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар муносибат бо равандҳои фаъолияти сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир ва махсусан минтақа хеле назаррас мебошад ва ин муваффақият барои ворид шудан ба марҳилаи наву дигаргуни пешрафтҳо заминаи воқеӣ мегузорад.
Пешвои миллат дар баромади худ қайд намуданд, ки соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон-яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди он вобастагии ногусастанӣ дорад. Бо мақсади истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ як қатор санадҳои дахлдор қабул гардида дар раванди татбиқи он фармоишҳои давлатӣ ва нархи маҳсулоти кишоварзӣ озод эълон карда шуд,ки ин ба соҳибихтиёрии хоҷагидорон барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуд.
Бояд тазаккур дод, ки соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, новобаста аз таъсироти офатҳои номатлуби табиӣ ва омилҳои бўҳронӣ дар сатҳи зарурии устувор қарор дорад.Бо вуҷуди ин то ҳол масъалаҳои муҳими сиёсати аграрӣ,алалхусус номуайянии шаклҳои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, кӣ дар бахши иқтисодӣ муҳиманд,то ҳол ҳалли пурраи худро наёфтаанд.Инчунин низоми сусти бонкӣ, сохтори ба дараҷаи зарурӣ рушднаёфтаи таъминоти моддию техникии соҳаи кишоварзӣ, мавҷуд набудани механизми пешниҳоди субсидияҳо ба истеҳсоли кишоварзӣ, низоми нави ҷойгиркунонии фармоишот(мувозинати пешниҳодоту талабот) ба ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, мавҷуд набудани инфрасохторӣ кофии маркетингӣ кишоварзӣ ва номукаммалии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ рушди босуръати соҳаи кишоварзиро таъмин карда натавонист.
Бинобар он бо мақсади баланд бардоштани истеҳсолоти кишоварзӣ ва таъмин намудани аҳолии зиёдшудаистодаи кишвар Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки мо бояд саноати коркади маҳсулоти кишоварзиро дар кишвар ба роҳ монем, ки ин тадбир ҷиҳати муайян кардани самтҳои стратегӣ ва усулҳои таъмини соҳаи сердаромади кишоварзӣ ва тамоили содиротидошта пешбинӣ шудааст,ки ин яке аз вазифаҳои умумии баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми деҳоти кишвар ба ҳисоб рафта, барои ноил гаштан ба амнияти озуқавории давлат ва таҳкими мавқеи он дар тақсимоти минтақавии меҳнат мусоидат менамояд.
Пешвои миллат дар баромади худ қайд намуданд,ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 39 миллиард сомони соли 2019-ум ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расидааст, яъне дар панҷ сол 1,9 баробар афзудааст,ки ин нишондиҳандаи хуб ба ҳисоб меравад, аммо моро зарур аст, ки бо ба инобат гирифтани вазъи ҷаҳони муосир,тағйирёбии иқлим, камобӣ ва хушксолиҳои пай дар пай дар бисёр кишварҳои дунё,болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои болозикр ба бозори истеъмолиро ба инобат гирифта мо бояд тамоми имкониятҳоямонро барои рушду нумўи соҳаи кишоварзӣ сафарбар намоем. Дар асоси гуфтаҳои боло Президенти кишвар ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати кишоварзию дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ,барномаи амнияти озуқавории кишварро барои панҷ соли оянда (2025-2030) қабул ва амалӣ намоянд,ки ба андешаи мо ин иқдом боиси беҳтар гаштани сатҳи некўаҳволии мардуми кишвар ва рушди босуботи соҳаи кишоварзӣ гашта қобили дастгирист. Илова бар ин бо дарназардошти зиёд шудани аҳолии кишвар Сарвари давлат супориш доданд,ки барномаи азхудкунии заминҳои нави кишоварзиро дар мамлакат таҳия ва дар амал татбиқ карда шавад,инҷунин бо мақсади самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин,гирифтани 2-3 ҳосил ва беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ ва таъмин намудани рушди инноватсионии соҳа бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Хулоса Паёми ироа гардидаи имсола ҳар як шаҳрванди кишварро вазифадор менамояд,ки ба хотири гулгулшукуфоии кишвари соҳибистиқлоламон, ободии Ватан ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардуми азизамон пайваста кўшиш ба харҷ дода ба хотири амалӣ намудани нақшаҳои дар пеш гузоштаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии истиқлоли давлатӣ равона созем.
Ашуров С. Х.- дотсенти кафедраи маркетинг – агробизнес