Изҳорот ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз санаи 28.12.2024
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Дар оғози паёми Сарвари давлат натиҷаҳои ба дастовардаи соли сипаригашта аз замири таҷлили 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол, ки дар саросари кишвар бо баргузории маҷлису ҷаласаҳои илмӣ-амалӣ ва семинару мизҳои мудаввар бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ мардуми тоҷик таҷлил намуданд қайд карда шуд.
Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ сухан карда шуд ва оид ба зарурияти
дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намудан, ки боиси баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мегардад ибрози ақида карда шуд.
Дар идомаи суханронӣ ҳадафҳои олии сиёсати дохилии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар соли сипаригашта ва имкониятҳои иқтисодии мамлакат дар солҳои оянда бо таҳлили амиқи омории он, ки баҳри беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда шуда истодааст баён гардид.
Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд. Тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо даромади пулии аҳолӣ алоқаманди дорад ва он нисбат ба 5 соли охир, яъне аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид ва он яъне нишондиҳандаи 3 баробар зиёд гардиданд, ки таъсири худро ба музди миёнаи меҳнат зиёда аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфтан расонид, ироа гардид. Дар қиёс бо паёми соли гузашта аз аввали соли 2024-ум маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз баланд бардошта шуд ва аз моҳи июл маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд карда шудааст қайд карда шуд.
Илова бар ин, ба тамоми сохторҳои мамлакат супориш дода шуд, ки дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Оид ба ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ, ки нақши муҳим дорад, қайд карда шуд.
Зарурият ва аҳаммияти андешидани чораҳои судманд, ки баҳри вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон равона шудаанд ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои дахлдор дода шуд. Ҳамчунин, ба Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки ҳалли масъалаҳои зикршударо ҳарчӣ зудтар таъмин намоянд. Дар ин раванд, супориш дода шуд, ки то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. Зеро дар бисёр кишварҳо нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80 – 90 фоизро ташкил медиҳад, ва он яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад.
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод оварда шуд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Дар паёми навбатӣ инчунин сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонони мамлакат, ки ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад, қайд карда шуд.
Гузашта аз ин, диққати иштирокдорон ба масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, қайд карда шуд.
Муқовимат ба терроризм ва экстремизм самти афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст. Бо дарназардошти ин вазъ, як қатор тадбирҳое, ки моҳи майи соли 2024 бо ташаббуси Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки номи «Раванди Душанбе»-ро гирифтааст, баргузор гардид, ироа карда шуд.
Сайдуллоев Аҳадхон Абдуллоевич
н.и.ҳ., муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,
криминалистика ва муқовимат ба коррупсия