Ошкор ва пешгирӣ кардани содиршавии ифротгароӣ ва кирдорҳои террористӣ

Терроризм ва экстремизм  имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб кардааст, ки давлатҳои абарқудрат ба воситаи он манфиатҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд. Баъзан сиёсати духураи онҳо ба тезутунд гаштани террорҳои нав дар кишварҳое, ки дар гирдоби азими буҳрони сиёсӣ дучор гаштаанд, ба амал меояд. Баҳри муайян намудани мавқеи сиёсати фарогири (геополитикӣ) худ пинҳонӣ ба гурӯҳҳои тундрав маблағгузорӣ менамоянд. Дар замони муосир кишварҳои Осиёи Миёна мавриди таваҷҷуҳи манфиатҳои сиёсати фарогири (геополитикӣ) давлатҳои алоҳида қарор гирифтааст, ки бархурди манфиатҳои онҳо дар манотиқи Шарқи Наздик, Қафқоз ва Осиёи Миёна рӯз аз рӯз хавфу хатари навро эҷод менамояд.

Дар Тоҷикистон  чораҳои  муқовимат бар зидди терроризм ва

экст­ремизм (ифротгароӣ) бо ошкор намудан,  пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ,  ногузирии ҷазо барои ҳама гуна ҷиноят, ҳифзи ҳуқуқи инсон ба амнияти шахсӣ, сарфи назар аз миллат, шаҳрвандӣ, эътиқоди динӣ, ақида ва нуқтаи назар, тарѓибу ташвиқот ва ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо пайваста роҳандозӣ мешаванд.

Дар яке аз суханрониҳои худ оид ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «…таваҷҷуҳи асосӣ бояд ба пешгирии терроризму ифротгароӣ, пешгирии ҳодисаҳои зӯроварии шаҳрвандон равона карда шавад…”

Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ (ифротгароӣ) гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналми­лалӣ ба Тоҷикистон ва дар маҷмўъ ба минтақа таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва гло­балӣ пайдо кардааст, ки  мубориза алайҳи онҳо ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ва хадамоти махсуси давлатҳои минтақаро тақозо менамояд.

Воқеаҳои дар Афѓонистон, Сурия ва Украина рухдодаистода ва амалияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон  нишон медиҳад, ки ҳанўз ҳам падидаҳои экстремистӣ, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хориҷии ифродгароӣ, қочоқи маводи нашъаовар афзоиш доранд, ки ошкор намудан,  бартараф ва пешгирии сабаб ва шароите, ки боиси ба миён омадан ва  паҳн шудани  ѓояҳои террористӣ ва экстремистӣ дошта  (ифротгароӣ)  вазифаи на танҳо  Тоҷикистон, инчунин давлатҳои минтақаи Осиёи Миёна мебошад.

Суръати  густариши таҳдиди  ифродгароӣ  дар минтақа то ба ҳадде расида метавонад, ки  инкор  кардани меъёри таҳаммулпазирӣ, қонунҳо, ношукрӣ, носипосӣ ва хатари фарсоиши ҷиддии арзишҳои бунёдии сирати инсон – ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ  афзун  гардонад.

Ҳарчанд  аз  ҷониби аҳли ҷомеаи  кишварҳо ин гуна ваҳшонияту кирдорҳо  маҳкум  гарданд  ҳам,  андешидани чораҳо оид ба пешгирии онҳо  ногузир ва зарур аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки буҳрони иқтисодӣ, мавҷудияти муноқишаҳои наздисарҳадӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва байнимазҳабӣ, номукаммалии  меъёрии ҳуқуқӣ, ки баҳсҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, ба­рои ба миён омадани чунин падидаҳои хавфнок ба монанди терро­ризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рў,  муқовимат бар зидди терро­ризм ва экстремизм (ифротга­роӣ), ки вақтҳои охир хусусия­ти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси маҷмўи  тадбирҳои  байнидавлатӣ анҷом дода шаванд.

Бо мақсади  паст кардани сатҳу таъсири ҳар гуна падида ва ақидаҳои носолим ва иѓвоангез, аз ҷумла тарѓиби бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, забонӣ, инчунин баҳри такмил додани ҳамкории давлатҳои Осиёи Миёна дар самти муқовимат ба  экстремизм ва терроризм зарурати роҳандозӣ ва такмил додани маҷмуи  чораҳо муҳим аст.

Дар ин самт муҳим аст, ки Барномаи байнидавлатии ёрии ҳамдигарӣ дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм қабул гардад. Доираи амали ин шакли ҳамкории ҳуқуқӣ бояд на танҳо ҳамкории  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои ИДМ, балки  тадбирҳои иқтисодӣ,  иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва  маънавиро дар бар гирад,  ки эътимод ва  сатҳи якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардумро амалан инъикос намуда, зоҳиршаваии  ҳама гуна низоъро бартараф намоянд.

Қаландарова М.Д. – муаллими калони

кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес  ва сиёсати Тоҷикистон

 

You might also like