«ҲИЗБ–УТ–ТАҲРИР» ВА МОҲИЯТИ ИРТИҶОИИ ОН

Аз бойгонӣ

«Ҳизб–ут–Таҳрир» соли 1952 дар шаҳри Қудус аз тарафи як нафар фаластинӣ, мусулмони равияи суннӣ Такаюддини Набаҳонӣ (1909–1979) таъсис дода шуд. Тақаюддини Набаҳонӣ ба сифати омӯзгор сараввал дар донишгоҳҳо ва идораи динии Фаластин кор мекард. Баъдтар дар Иерусалим ва Урдун ба донишҷӯён дарс медод. Ӯ омӯзгоронро аз Иордания, Сурия ва Ливан дар атрофи ҳизби худ муттаҳид намуд.

Пас аз вафоти Набаҳонӣ роҳбари ҳизб худошиноси фаластинӣ, аз шаҳри Ал–Халили Иордания Абдулкалим Зулум буд. Ҳамзамон дар Миср (солҳои 1969–1984) ба ҳизб Абдулғанӣ Ҷобир Сулаймон, Аловиддин Абдулваҳҳоб ва Салоҳиддин Муҳаммад Ҳасан роҳбарӣ намуданд. Соли 1984 ҳукумати Миср онҳоро ҳабс намуд.

Таҳлили ҳуҷҷатҳо собит менамоянд, ки «Ҳизб–ут–Таҳрир» дар ягон чорабинии сиёсии кишварҳои араб комёб нашудааст. Илова бар ин ҳизби мазкур дар кишварҳои араб ва дигар гӯшаву канори дунё мунтазам дучори таъқибот гардидааст.

Сабаб дар он аст, ки мақсад ва ғояҳои сиёсии ҳизби мазкур якҷониба, радикалӣ, террористӣ буда, созиш ва компромисро намепазирад, пирӯзӣ ва комёбии ҳизбҳои дигарро эътироф намекунад.

Тактика ва стратегияи ҳизби мазкур дар китобҳои «Низоми ислом», «Барномаи ҳизби Таҳрир», дар дастури «Қонунҳои идоркунии «Ҳизб–ут–Таҳрир», ҳамчунин дар китобҳои «Низоми идоракунӣ» ва «Системаи идоракунӣ дар ислом» ва дастурҳои дигаре, ки аз тарафи пешвоёни ҳизб – Т. Набаҳонӣ, А. Зулум, Абӯ Иброҳим ва дигарон дар давраҳои гуногун мураттаб шудааст, муайян шудаанд.

«Ҳизб–ут-Таҳрир» яке аз шохаҳои экстремистии ташкилоти динии «Бародарони мусулмон», ки ҳанӯз дар соли 1928 дар Миср аз тарафи омӯзгори мактаб шайх Ҳасан–ас –Банно таъсис шуда буд, маҳсуб мебошад.

Ташкилоти «Бародарони мусулмон» дар давоми фаъолияташ дар натиҷаи ба вуқӯъ пайвастани ихтилофҳои ҷиддии дохилӣ дар байни роҳбаронаш ба якчанд шохаҳо тақсим шуд. Ба яке аз ин шохаҳо, ки дар фаъолияташ аз методҳои террористӣ ва экстремистӣ истифода мебарад ташкилотҳои зерин; «Ал–тафқир–вал–хидҷар», «Ал–ҷиҳод», «Ҳизб–ут–Таҳрир–ал ислом» (Ҳизби озодкунии исломӣ), «Ҷамоат–ат-таблиғ–ал исломия» (Созмони маърифати исломӣ), «Ал таҳрир вал ҳиҷр» шомил мебошанд.

Сарчашмаи ғоявии «Ҳизб – ут –Таҳрир» панисломизм маҳсуб меёбад. Онҳо дар назди худ мақсад гузоштаанд, ғояҳои асосии ин таълимотро ба ҳаёт татбиқ намоянд. «Ҳизб–ут–Таҳрир» мехоҳад дар байни мусулмоноии кишварҳои ҷаҳон, ки сохтори гуногуни давлатӣ доранд, ғояи ташкили давлати исломиро дар шакли «халифат» амалӣ намуда, дар ҷаҳон давлати муқтадири унитарии исломиро, ки дар асоси қонуни шариат фаъолият менамояд, таъсис намоянд. Онҳо барои расидан ба ин мақсад аз методи ҷиҳоди умумӣ ба муқобили «кофирон» истифода намуда, мехоҳанд бо роҳи зӯроварӣ сохтори конститутсионии давлатҳои мавҷударо барҳам дода, ҳокимиятро ғасб намоянд.

Таҳририён ҷаҳони имрӯзаро ба ду ҳудуд; Дорулислом ва Дорулкуфр тақсим менамоянд. Ҳудуди Дорулислом кишварҳое ҳисобида мешаванд, ки дар онҳо идоракунии давлат дар заминаи принсипҳои шариат амалӣ гардида, ҳатто дар шароите, ки он ҷо бештар «кофирон» сукунат доранд, ҳокимият дар зери ҳимояи ислом ва мусулмонон қарор дорад. Дорулкуфр ҳудудҳоест, ки дар он ҷо қонунҳои «кофирон» ҳукмрон аст. Дар ин ҳудуд низ бояд  ҳокимият таносубан зери пуштбонии ислом ва мусулмонон қарор дошта бошад. Ҳамин тариқ, ҳамаи кишварҳое, ки дар он ҷо мусулмонон сукунат доранд, Дорулислом ҳисобида намешаванд ва ҳамчун Дорулкуфр боқӣ мемонанд. Равшан мешавад, ки таҳририён ба ҷуз низоми халифат, шаклҳои дигари сохтори давлатиро эътироф намекунанд, Ҳамаи давлатҳои дигари исломӣ – Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Покистон ва ғайраро ба ҳудуди Дорулкуфр шомил мекунанд, яъне ин давлатҳо бояд сарнагун карда шаванд.

Бесабаб нест, ки дар мамлакатҳои араб ба муқобили намояндагони ин ҳизб муборизаи оштинопазир бурда мешавад. Онҳоро таъқиб мекунанд, ба ҳабс мегиранд ва ҷазоҳои сахттарин медиҳанд. Масалан, мутобиқи маълумоти эътимодбахш танҳо дар моҳҳои феврал – марти соли 2000 дар Сурия 800 нафар, дар Иордания 20 нафар, дар Туркия 36 нафар  аъзоёни ин ҳизб ба ҳабс гирифта шуд. Фаъолияти «Ҳизб–ут–Таҳрир» қариб дар ҳамаи мамлакатҳои исломӣ, аз ҷумла дар кишварҳои араб ғайриқонунӣ эълон шудааст. Онҳо ба таври пинҳонӣ амал мекунанд.

Мувофиви ақидаи намояндагони «Ҳизб–ут–Таҳрир» дар кишварҳои исломӣ, аз ҷумла арабӣ, ки бо низоми ҳокимияти «кофирон» идора мешавад, гуё исломи омехта амал мекунад. Зери мафҳуми тартибот ва сохтори давлатии «кофирон» мавҷудияти конститутсия, парламент, низоми интихоботи халқӣ, Президент ва қонунҳо дигаре, ки аз ҷониби муносибатҳои ҷамъиятии гуногун танзим мешаванд, фаҳмида мешаванд.

Тибқи маълумоти қобили эътимод равшан мешавад, ки «Ҳизб–ут–Таҳрир» на танҳо ба душмании ошкоро, ба террор даъват менамояд, балки фаъолияти ташкилотҳои дигари террористиро ба монанди; – «Ҷиҳод» ва «Хамос», «Ҳаракати ваҳобӣ» Ҷамоат–уд-Даъват- ва – Сунна», ташкилотҳои террористии байналмиллалӣ «Ал – Ҷиҳод – Интернейшинал», «Бародарони мусулмон», «Гурӯҳи байналхалқии исломӣ» ва «Фронти умумиҷаҳонии Ҷиҳод», кадоме, ки ба он террористи рақами якӯми ҷаҳон – Шайх Усома Бен Ладен сарварӣ мекард, дастгирӣ менамояд.

(Якубов О. Волчя стадия. Кравовой след террора. стр 101, 104, 110, 199, 203)

Моҳияти иртиҷоии «Ҳизб – ут – Таҳрир» дар сохтори сиёсӣ ва нақшаву барномаҳои он таҷассум ёфтааст. Сарвари сохтори сиёсӣ – Амир мебошад. Сохтори сиёсии он аз қисматҳои зерин иборат аст.

  1. Созмоне, ки Амирро интихоб мекунад.
  2. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (дастгоҳи «мазаллима».
  3. «Киёдат» (бюрои сиёсӣ), кадоме, ки аз Амир онро аз ҳисоби аъзоёни намоёни ҳизб ташкил мекунад. Шуъбаи сиёсӣ, ки аз зершӯъбаҳои иттиллоотӣ ва сиёсӣ иборат аст, ба Киёдат итоат мекунад.
  4. « Муътамада» (сарварони минтақаҳо) – гумоштагони амир дар маҳалҳо. «Муътамад» дар навбати худ раиси шӯрои минтақавӣ маҳсуб меёбад. Мӯҳлати гузаронидани ҷаласаи шӯроро «Киёдат» муайян менамояд. Раиси созмони маҳалӣ «Нақиб» ва ҷонишини ӯ – «Ноиб» ба «Муътамад» итоат намуда, фармонҳои созмонҳои болоиро иҷро ва назорат мекунанд. Дар маҳалҳо бо ном «созмонҳои маҳалӣ» таъсис дода мешаванд, кадоме, ки ҳайати он аз чаҳор ё беш аз он «мушрифон» (роҳбарони шӯъбаҳо) иборат буда, ба «Нақиб» итоат мекунанд. Созмонҳои маҳаллӣ ҳар моҳ як маротиба машварати «мушрифон»ро мегузаронанд. Хазинадори маҳалӣ ва тарғиботчиёни адабиёт ба «Ноиб» итоат мекунанд. Созмонҳои маҳалӣ «мушриф»ро таин мекунанд. «Мушриф» дар навбати худ шӯъба «халқа»ро таъсис медиҳад, ки ҳайати он аз 1 то 7 нафар шогирдон «дорисон» иборат мебошад. Дар шӯъбаҳо ҳар ҳафта ду маротиба машғулият гузаронида мешавад.

Қисмати асосии аъзоёни «Ҳизб–ут-Таҳрир»ро шахсоне собиқ дар мактабҳои динӣ таҳсилнамуда ташкил медиҳанд. Дар байни аъзоёни ҳизб намояндагони ҷавонони донишҷӯ ва зиёиён бештар ба назар мерасанд. Ҳамзамон муқаррар карда шудааст, ки аъзоёни «Ҳизб–ут–Таҳрир» мақсади асосии худро дар таъсис додани давлат дар шакли «халифат» дида, ҳама гуна ташкили сохтори демократиро дар ҷомеа қатъиян инкор мекунанд. Мутобиқи барномаи ҳизб сохтори «халифат» дар чор марҳила амалӣ мегардад.

-якӯм – «Саховат», яъне ба сифати пироҳан истифода намудани дин, бо мақсади ҷалб намудани аъзоён ба ҳизб.

– дуюм–муттаҳид шудан бо халқ, намояндагони худро дар дастгоҳи давлатӣ шомил намудан, паҳн намудани адабиёт ва ҷаҳонбинии сиёсӣ, ташкили вазъияти муқовимат дар сохтор ва муассисаҳои давлатӣ.

– сеюм–бо роҳи ташкили намоиш ва митингҳо мушарраф шудан ба истеъфои ҳокимият.

– чаҳорӯм-агар ҳокимият ихтиёрӣ ба истеъфо наравад,

онро бо роҳи яроқ сарнагун намудан.

Таҳлили муқоисавии барномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон собит менамояд, ки нуктаҳои асосии он аз бисёр ҷиҳат ба барномаи «Ҳизб–ут–Таҳрир» шабоҳат дорад. Фаромӯш набояд кард, ки «Ҳизб–ут–Таҳрир» шохаи террористии «Ихвон–ул–муслимин» аст. Пешвоёни Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон низ исломро аз нигоҳи ихвонии Саид Қутб ва Ҳасан Банно ва дастурҳои онҳо шинохтаанд. Масалан, сиёсати интихобнамудаи роҳбари ҳизб–Муҳиддин Кабирӣ бо номи «сиёсати сабр», ки онро солҳои охир пеша кардааст, нусхаи аслии барномаи «Ҳизб–ут-Таҳрир» аст. Мутобиқи он исломиҳо дар навбати аввал бояд «қадам ба қадам» вазъи инқилобиро тайёр кунанд ва посон инқилобро роҳандозӣ намоянд.

Ҳабибулло Тоатов

You might also like