Саҳми Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот дар  Тоҷикистон

Эъломияи истиқлолияти  давлатӣ  дар охири асри ХХ барои миллати кўҳанбунёди  мо  марҳилаи нави  таърихиро боз намуд. Ин воқеа раванди ногузири таърихии ташаккули ҷомеаи мо, марҳилаи авҷи мантиқан ногузири бедорӣ ва худшиносии миллати тоҷик аст ва дар натиҷа собит сохт, ки пас аз ҳазор соли заволи давлати Сомониён, миллати мо боз  ҳаққу  ҳуқуқи  давлату  давлатдории  миллии худро эҳё ва амалӣ намояд, ба ин дастоварди нодиру тақдирсоз бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  мушарраф гардад.

Ба шарофати талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон пойдор гаштани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бузургтарин дастоварди истиқлолият мебошад. Сулҳу суббот дар кишвар, имконият фароҳам овард, ки халқи Тоҷикистон бо роҳбарии пешвои хирадманди худ ба созандагию бунёдкорӣ, ба татбиқи барномаҳои истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, саноатикунонӣ ба ғанӣ гардонидани фарҳангу  маърифат, ба эҳёи илму техника, ба таъмини адолати иҷтимоӣ ва такмил додани қонунгузорӣ  шурўъ намояд.

Дар давоми 30 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо асосҳои ташаккули давлатдории миллии худро ташаккулу таҳким бахшид, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ тавассути чандин пешниҳод ва ташаббусҳои созандаю сулҳхоҳонаи Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрўву нуфуз ва эътибори калонро соҳиб гардад.

Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи  ҳуқуқи байналмилалӣ  аз ҷониби  тамоми давлати  ҷаҳон  ба  расмият шинохта  шудааст. Аз соли 1992 инҷониб Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид буда, дар якчанд  давлатҳои хориҷӣ сафоратхонаҳо ва консулгариҳо дорад ва дар ҳудуди кишвар намояндагиҳои ташкилоти байналмилалии байнидавлатӣ, намояндагиҳои агентиҳо ва муассисаву ташкилотҳои махсусгардонидашудаи СММ фаъолият  доранд.

Ба шарофати истиқлолият халқи мо бо ташаббуси бевоситаи Э.Раҳмон ба бунёду  барқарорсозии  саноат, хоҷагии қишлоқ, сохтумони иншооти ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла нерўгоҳҳои барқи обии Роғун, Сангтўда – 2, марказҳои барқу гармидиҳӣ, нерўгоҳҳои хурду миёна дар дарёҳои Вахш ва Зарафшон, хатти интиқоли барқи Тоҷикистон – Афғонистон, таҷдиди силсилаи нерўгоҳҳои дарёҳои Варзоб ва Вахш, аз ҷумла нерўгоҳи барқи обии Норак, Роғун  сохтмон ва азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе – Чанак, Душанбе – Кўлоб – Қалъаи Хумб – Хоруғ – Кулма, Душанбе – Саритош, Қўрғонтеппа – Дўстӣ, нақбҳои мошингузари “Истиқлол”, “Озодӣ”, Шаҳристон, Чормағзак, роҳи оҳани Душанбе – Қўрғонтеппа шурўъ намуд, ки дастовардҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ ба шумор мераванд.

Бинобар ин, вазифаи пуршарафи ҳар як фарди ҷомеаи кишвар, наслҳои оянда аз он иборат аст, ки пойдевори истиқлолияти давлатиро мустаҳкам нигоҳ дорем, ин дастоварди бузурги миллиамонро қадрдонӣ кунем, барои ривоҷу равнақ, пешравӣ ва шукуфонии кишвари азизамон Тоҷикистон, бо меҳнати софдилона ва содиқона, баҳри обрўю миллату Ватани азизамон сайъу талош намоем.

 

Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи

 ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории

                                                             Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес

                                                                   ва сиёсати Тоҷикистон

You might also like