Аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдории сулҳу субот дар кишвар
Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард.
Э.Раҳмон
Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифз ва аҳамияти давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши калидӣ бозид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи такдирсоз Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба ӯҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.
Иҷлосия бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ, харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятиву ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар дошта, принсипҳои башардӯстӣ қарор кард, шахсоне, ки аз 27-уми март то 25 ноябри соли 1992 дар муқовиматҳои мусаллаҳона ширкат доштанд, ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир карда буданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ маъмурӣ кашида нашаванд. Чунин сиёсат бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсиву иҷтимоии кишвар буд, ки он барои ҳарчӣ зудтар ба сулҳи комил ноил гардидани кишвари маҳбубамон мусоидат намуд.
Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.
Метавон қайд намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд, мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.
Танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар cap андешаи имрӯзу фардои нек, дар қалб розу ниёзи созандагӣ, дар лаб муноҷоту ниёиши озодманишӣ ва дар ният оромиву осудагии миллат ва зиндагии шоистаи моро мепарварад.
н.и.и.,муаллими калони кафедраи
маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ
Азимова Муқадасхон Муҳамедовна