Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср

Дар замони муосир терроризм ва ифротгароӣ рӯз аз рӯз бо шиддат авҷ гирифта, бо оқибатҳои манфиву бераҳмонаи худ ба яке аз муаммоҳои аввалиндараҷаи инсоният табдил ёфтааст. Бе шубҳа амалҳои террористону қатли омми онҳо яке аз падидаҳои номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Воқеан ҳангоми ба хотир овардани ин мафҳум дар майнаи инсоният бештар ҷаҳолат, бераҳмӣ, беадолатӣ, қатлу куштор давр мезанад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки моҳи ноябри соли 2015, дар натиҷаи амалҳои бераҳмонаи террористон, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва майдони варзишии Париж садҳо нафар аз ҷони худ маҳрум гардиданд. Ин ҳодиса бори дигар тамоми ҷомеаи ҷаҳониро хушдор сохт, ки аз хатари терроризм ҳеҷ кас эмин нест.

Аз таърихи терроризм ва ифротгароӣ маълум мегардад, ки тамоми амалҳои террористӣ ба манфиати шахсони алоҳида ва ё гуруҳҳои ҷудогона равона шудааст. Мутаассифона, дар замони муосир аксарияти террористон ҷинояти худро дар ниқоби дини мубини Ислом ба анҷом мерасонанд, ки ин ниҳоят ташвишовар аст. Зеро на танҳо дар дини мубини ислом, балки дар ҳамаи адаён қатлу куштору амалҳои террористӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намояндаи мардуми Тоҷикистон аз минбарҳои баланди Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфуз дар ин бора борҳо суханронӣ намуда, зикр менамоянд, ки террорист миллату мазҳаб надорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати худро бар зидди терроризму ифротгароӣ ба таври возеҳ муайян кардааст. Ҳанўз соли 1999 бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд. Ин қонун терроризм – яъне зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин, ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад.

Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон нигарон аз он ҳастанд, ки терроризмро ба ислом рабт медиҳанд. Зеро эшон таъкид мекунад, ки дини ислом моҳиятан сулҳпарвар ва инсондўст мебошад.

«Ҳоло яке аз муаммоҳои муҳимми ҷаҳонӣ муосир афзоиши хатари терроризми байналхалқие мебошад, ки бо шиорҳои бофтаю сохтаи исломӣ пардапўш шудааст. Дар асл ислом бо терроризм ва ташкилотҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта, баръакс таълимоташ зидди ин падидаҳои хатарнок нигаронида шудааст. Вале бо вуҷуди ин қувваҳое ҳастанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ аз дини мубини ислом  сўиистифода мекунанд. Ин ҷо ба маврид аст, ки аз як нуқтаи пурҳикмат ва ибратомўз ёдовар шавем.  Дар тамоми ҷаҳони ислом хурду калон ҳангоми дидор бо якдигар бо хитобаи «ассалому алайкум» муроҷиат менамоянд. Маънии ин хитоба чунин аст, ки «ман ба шумо сулҳ ва офият мехоҳам». Худи ҳамин аз он шаҳодат медиҳад, ки дини ислом моҳиятан сулҳпарвар ва инсондўст мебошад. Пас мо бояд мутобиқи ҳамин рукни асосии дини хеш зиндагӣ ва амал намоем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёму суханрониҳояш бо масъалаи мубориза бар муқобили терроризм ва ифротгароӣ аҳамиятии ҷиддӣ медиҳад. Дар Паёми худ ба Маҷлисии Олии кишвар дар баробари масоили сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ инчунин ба масъалаи истифода гардидани дини мубини ислом аз ҷониби гурўҳҳои алоҳидаи ифротӣ хотирнишон мекунад:

«Сар задании алангаи нави мухолифату низоъҳо дар шарқи наздик ва минтақаҳои дигари дунё, густариши бесобиқаи терроризми байналхалқи ва ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳ, шиддат гирифтани проблемаҳои экологӣ ва хуруҷу бемориҳои наву басо хатарноки сирояткунанда, коҳиш ёфтани нуфузи ниҳодҳо ва асосоҳои ҳуқуқӣ байналмиллиалӣ аҳамияти масъалаи марбут ва таъмини амнияти миллӣ ва минтақавиро ба маротиб зиёд мегардонад».

Ба ақидаи Президент Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти зикр шуда таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ буда, чунин ҳолатҳо метавонад тиқдири тамоми аҳли башарро бо хатарҳои ҷиддӣ рў ба рў созанд.

Инчунин дар Паёми соли гузашта зикр намуданд, ки “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.

Аз хатари ин вабои аср ягон мамлакати  рўи замин бетаъсир намемонад. Маҳз ба хотири бартараф намудани терроризм ва ифротгароӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамҷоя бо шарикони стратегии худ барномаҳоро оид ба мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ теҳрезӣ намуда кўшишҳои зиёде менамоянд, то мардуми сарзамини мо осуда ва амнияташон бехатар бошад.

 

Қаҳҳоров У.А. муаллими калони

кафедраи таърих ва диншиносӣ

You might also like