Интернет ва паҳншавии эктремизм байни ҷавонон
Интернет шабакаи умумиҷаҳонии иттилоотӣ мебошад, ки ҳам истифодабарандагони шабакаҳои компютериро барои мубодилаи иттилоот мепайвандад.
Шахсеро, ки ин намуди технологияро истифода набарад, ёфтан душвор аст. Аслан, Интернет одамонро аз тамоми ҷаҳон ба ҳам меорад ва ба онҳо барои боргузорӣ, мубодила ва муошират бо ҳамдигар имкон медиҳад. Бартарии муҳимтарини Интернет дар суръате, ки масолех дар мухлати рекордй иваз карда мешавад ба ҳисоб меравад.
Имрўз шабакаҳои иҷтимоӣ ба як минбари васеъи таблиѓи ақидаҳо ва таъсиррасони ба шуури ҷавонон табдил ёфтаанд.
Таъсири Интернетро аз ду тараф метавон баррасӣ кард: якум, технологияҳои нав барои инкишофёбии саноат, иқтисодиёт, рушди динамикаи давлат, васеъ намудани уфуқҳои имкониятҳо таъсир мерасонад, дуюм, компютерҳо аз ҷумла интернет ба як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти одамон табдил ёфтааст, технологияҳои муосири иттилоотӣ боиси осебпазирии ҷомеа гашта, пеш аз ҳама, ба табақаи осебпазири шаҳрвандон – ҷавонон таъсир мерасонанд.
Дар шароити иттилоотисозӣ ва ҷаҳонишавӣ, ки амалан маҳдудият вуҷуд надорад, ба майдон гурӯҳҳо, ҷунбишҳо ва созмонҳое ворид мешаванд, ки онҳо тавонистанд манбаи иловагии таъсиррасониро ба шуури ҷавонон дарёфт намоянд.
Аслан солҳои қабл ифротгароён танҳо дар дохили шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо амал менамуданд, ҳоло ба шарофати рушди алоқа ва интернет ифротгароён аз он фаъолтар истифода бурда истодаанд.
Инкишофёбии оҳистаи интернет ба экстремистон имконияти бо як роҳи нави таъсиррасони, паҳнкунии маводҳои экстремистиро дода истодааст.
Маводи экстремистӣ – ин маводҳое (коғаз ва онлайн, видео, аудио ва ғ.) мебошанд, ки ба фаъолияти экстремистӣ даъват мекунанд ё онро сафед мекунад. Ифротгарои на даҳ сол пештар пайдо шудааст, балки манбаи он ба асри 19 рост омада то ба имруз таъсири манфии он ба шуури инсон идома ёфта истодааст.
Ташкилотҳои ифротгароӣ бо чунин ҳадафҳо интернетро истифода мебаранд:
– ҷойгир намудани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқие, ки маълумот дар бораи таѓйироти сохти конститутсионӣ, таблиѓи бартарияти миллӣ, зулм аз рўи нажод, мансубияти иҷтимоӣ ва динӣ доранд.
– бо истифода аз Интернет, созмонҳо кӯшиш мекунанд, ки як ҷомеаи носолими зидди ҳокимият равонашударо эҷод кунанд, ки ҳамаи аъзоёнро ба амали намудани зӯроварӣ ташвиқ мекунад;
– интернет маълумотҳоро оид ба истеҳсоли асбобҳои таркандаи худсохт дастраси умум месозад, ки ташкилотхои экстремистй барои расидан ба максадхои худ истифода мебаранд
– созмонҳои экстремистӣ интернетро барои маблаѓгузории фаъолияти худ истифода мебаранд
“Силоҳ”-и асосии ин созмонҳои ифротгароӣ несту нобуд кардани ёдгорӣ ва рамзҳои низоми набуда, балки вайрон кардани тамоми системаи коммуникатсионӣ бо мақсади эҷоди бесарусомонӣ ба ҳисоб меравад. Субъект метавонад ҳар як шахс ё умуман ҷомеа бошад. Методи асосӣ- таъсиррасонии нутқ ё матни мебошад.
Ҳамин тариқ, ифротгароӣ бо рушди коммуникатсия ва технологияҳо барои фаъолияти худ ҷойгоҳҳои нав пайдо карда, дидгоҳҳои худро аз ҷаҳони воқеӣ ба маҷозӣ интиқол дода, шунавандагонашро афзоиш дод.
муаллими калони кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсия
Зиёбоева М.Н.