Ҷалби духтарони деҳотӣ ба таҳсилотӣ фосилавӣ

Зерқисмати: 1.2. Барномаи грантҳои озмунӣ

Маблағгузор: Ассотсиатсияи байналмилалии рушд/Бонки ҷаҳонӣ

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Номи лоиҳаи грантӣ: “Ҷалби духтарони деҳотӣ ба таҳсилотӣ фосилавӣ”

Тавсифи лоиҳа

Бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд/Бонки ҷаҳонӣ Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) ва (кредити №5702-TJ) аз 7 августи соли 2015 ҷиҳати маблағгузории лоиҳа “Рушди таҳсилоти олӣ” ба имзо расонида шуд. Дар ин замина, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори меҳнат дар асоси натиҷаҳои озмун барои гирифтани грант байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Созишномаи грантӣ аз 25.09.2019, №12/2-2 ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунӣ ”Ҷалби духтарони деҳотӣ ба таҳсилотӣ фосилавӣ” ба имзо расид.

            Мақсад ва вазифаҳои лоиҳа:

Ҷалби духтарони деҳот дар гирифтани таҳсилоти олӣ тавассути омода намудани онҳо ба таҳсилоти фосилавӣ ва баланд бардоштани афзоиши кортаъминкунӣ дар байни донишҷӯдухтарони хатмкунандаи донишгоҳ, бо роҳи ҳавасмандкунии онҳо барои бадастории малакаҳои иловагӣ.

Қисматҳои лоиҳа/самтҳои асосии фаъолият:

  1. Ҷалб ва мусоидат ба духтарони деҳотӣ оид ба гирифтани маълумоти олӣ, тавассути системаи таҳсилоти фосилавӣ;
  2. Таҷдид ва таҳкими захиравии низоми омӯзиши таҳсилоти фосилавӣ дар донишгоҳ;
  3. Тақвияти имкониятҳои омодагии касбӣ дар байни донишҷӯдухтарони хатмкунандаи донишгоҳ, бо роҳи фароҳам овардани шароит ва механизмҳои ба даст овардани малакаҳои иловагӣ.

Гурўҳи мақсаднок/бенифитсиарҳо:

Толибаҳои хатмкунандаи мактабҳои миёнаи деҳот ва хаткунандадухтарони донишгоҳ

Мӯҳлати иҷроиши лоиҳа: (оғоз ва хотима): 09.2019 – 09.2020

Пурсиш оиди изҳори таваҷҷӯҳ ба хизматрасониҳои машваратии №3

 

Интихоби мутахассисони  баҳодиҳӣ ва харид барои лоиҳаи грантии назди ДДҲБСТ “Ҷалби духтарони деҳотӣ ба таҳсилотӣ фосилавӣ”

Лоиҳаи грантӣ

Лоиҳа ба муаммои бадастории маълумоти миёнаю олӣ ва дастрасии он дар байни  духтарони деҳот ва инчунин баланд бардоштани шуғли онҳо бахшида шудааст. Аз ин рӯ, ДДҲБСТ ба нақша гирифтааст, ки дар асоси лоиҳаи “Ҷалби духтарони деҳотӣ ба таҳсилоти фосилавӣ” сатҳи саводнокии духтарони деҳотиро тавассути мусоидат ба гирифтани маълумоти олӣ бо роҳи омода намудани онҳо ба таҳсилоти фосилавӣ баланд бардорад.  Лоиҳа 12 моҳро дар бар мегирад, ки аз 09.2019 – 09.2020 давом мекунад. Манбаи маблағгузории лоиҳаи грантӣ  аз Лоиҳаи маълумоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳаҷми 97% ва инчунин ҳисоби маблағгузории  ДДҲБСТ дар ҳаҷми 3% иборат мебошад.

Ҳаҷми кор

Мутахссис оид ба баҳодиҳӣ ва харид бо иҷрои вазифаҳо вобаста бо баҳодиҳӣ ва хариди мавод, кор ва хизматрасониҳо дар чорчӯбаи лоиҳа ӯхдадор аст. Фаъолияти худро мутахассис дар асоси Дастурамал оид ба харид, ки аз талаботи Бонки ҷаҳонӣ иборат мебошад, бояд ба роҳ монад.

Талаботҳои тахассусӣ барои мутахассис оид ба баҳодиҳӣ ва харид:

  • Дараҷаи бакалавр (ё магистр) дар соҳаи иқтисодӣ;
  • Таҷрибаи на кам аз 3 сола дар соҳаи маориф;
  • Дониши системаи маориф;
  • Дониши забони русӣ ва тоҷикӣ.

Мӯҳлати созишнома:

Пешбинӣ шудааст, ки мутахассис вазифаи худро аз муддати ба имзо расидани созишнома идома медиҳад. Давомнокии созишнома 9 моҳро дар бар гирифта, аз 01.12.2019 то 31.08.2020 сол мебошад.  Мутахассис мувофиқи талаботи Дастурамали Бонки ҷаҳонӣ  интихоб карда мешавад (интихоб, шартномабандӣ бо мутахассисон аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ аз 05.2014с.; таъғирдодашуда дар 2006,2010, ва 2011 сол).

Тибқи меъёрҳои муқарраршуда, номзадҳои ҳавасмандшуда бояд мактуб-ариза ба номи координатори лоиҳа; CV бо забони русӣ ва тоҷикӣ; нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумотнокиро ба почтаи электронӣ ё бо дасти худ дар лифофа барои иштирок дар озмун то соати 17.00 санаи 20.11.2019 с. пешниҳод намояд. Ҳуҷҷатҳои дер аз мӯхлати муқарраршуда пешниҳодгашта қабул карда намешаванд.

 

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

ш.Хуҷанд, микроноҳияи 17, Бинои №2, утоқи кории 201

тел: (+992) 92-738-08-38

E-mail: marhabohon72@mail.ru

Муфассал