Саҳми илми тоҷик дар рушди ҷомеа

Илм дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ба ҳисоб рафта, имрўз он дар  меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро илму маърифат дар назди халқи фарҳангӣ ва тамаддунофар аз гузашта то имрӯз ҷойгоҳу манзалати хосаро дорад.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳар як халқу миллат бо дастовард, кашфиёт, осори илмӣ, таърихӣ ва фарҳангии худ дар ганҷинаи илму маърифати ҷаҳонӣ нақши бориз гузоштааст. Дар ин ҷода, халқи тоҷик низ бо мероси ғании илмиву фарҳангӣ чун офтоби дурахшон ба оламиён нур мепошад ва бо рӯшноии худ ҷомеа ва оламро равшану мунаввар месозад.

Илми тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатии кишварамон барои таҳкими асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишвар хидмати арзанда карда истодааст ва вазифаи пурифтихори худро дар назди халқу Ватани азизамон сарбаландона иҷро менамояд.

Ҷоизи зикр аст, ки дар самти илм таҳия ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2020” аз 30.05.2015, №354, “Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, “Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020», ”Барномаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020” “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040”, «Барномаи давлатии рушди заминаи моддӣ-техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ҷомеае, ки ба илм ва махсусан, илмҳои дақиқ арҷ мегузорад, барои пешрафт ва тайёр кардани мутахассисони илмӣ шароит ба вуҷуд меорад, ҳатман рушд менамояд. Пешрафти илм барои боло рафтани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа барои бештар шудани самараи истифодаи навгониҳои илмӣ-технологӣ сабаб гардида, дар ин замина сатҳу сифати зиндагии одамон баланд мешавад.

Натиҷаҳои корҳои илмии олимони ватанӣ, ки дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои математика, физика, астрофизика, зилзилашиносӣ, геология, масъалаҳои об, гидроэнергетика, экология, биология, таърих, фалсафа, филология, шарқшиносӣ, иқтисодиёт, демография ва ҳуқуқ ба даст оварданд, аз қобилияту имконоти зиёди илми тоҷик шаҳодат медиҳанд.

Пешрафти тамоми ҷабҳаҳои рӯзгор ба илм вобаста аст. Ақли инсонӣ пайваста бозёфтҳои навро рӯи кор оварда, заҳмати мардумро ба маротиб осон мекунад.

Илм бояд дар амал татбиқ гардад, барои пешрафти ҷомеа хизмат кунад, вагарна аҳамияти он аз байн меравад:

Илм ба кор судманд бувад,

Илми бекор пойбанд бувад.

Илму амал дар инкишофу рушди саноат, кишоварзӣ, дар кушодани сирру асрори табиату коинот ва ҳал намудани муаммоҳои зиёд ниҳоят бузург аст. Бештар аз садҳо коркард ва тавсияҳои илмии олимону муҳаққиқони тоҷик барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардиданд, ки бештари онҳо ҳоло дар корхонаву муассисаҳои мамлакат истифода мешаванд.

Зарурияти истеҳсолӣ омили асосии пешрафти илм буда, нақши олимон-фидоиёни дар роҳи мазкур назаррас маҳсуб меёбад. Таърихи инкишофи илмҳои дақиқ нишон медиҳад, ки зарурияти истеҳсолӣ шахсиятҳои илмиро ба майдон меорад. Шахсиятҳои илмӣ – фидоиёнеанд, ки ҳаёти бошууронаи худро сарфи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ намуда, дар пешрафти илм ва технология саҳми босазо мегузоранд. Дар таърихи илми ҷаҳонӣ чунин шахсиятҳо хеле зиёданд.

Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии олимони соҳаи ҷомеашиносӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи ахлоқиву ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар нақши муҳим доранд.

Озмунҳои илмиву маърифатӣ, ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва дигар олимпиадаҳо ташкилу баргузор гардида истодаанд.

Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, ки эътимоду боварии мардуми моро ба рушди минбаъдаи мамлакат бо такя ба илм тақвият мебахшад ва имкон медиҳад ба ояндаи дурахшони миллату давлати соҳибистиқлоли хеш хушбинона умед бандем, олимони ҷумҳурии мо кӯшиш доранд, дар рушди он саҳми бештар гузоранд. Бо ин мақсад, аз нигоҳи мо на танҳо фаъолсозии корҳои илмию тадқиқотӣ, балки самарабахш гардондани идоракунии илм ва муассисаҳои илмӣ, хосатан, оммависозии илм ва дастовардҳои он низ тақозо мешавад.

Агар мо хоҳем, ки дар оянда соҳиби кишвари боз ҳам тараққикарда ва пешқадами дорои истеҳсолоти пешрафта бошем, бояд барои тарбияи кадрҳои баландихтисос чораҳои муассир андешем. Агар мо хоҳем, ки дар оянда Тоҷикистонро ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Барои эҷодкорону ихтироъкорон ҳамаи заминаҳоро муҳайё созем, то ки онҳо ба корҳои сермаҳсули илмию эҷодӣ машѓул бошанд.

Умед аст, ки ин ва як қатор тадбирҳои муҳиме, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешорўи ҳар фарди соҳибмаълумоти кишвар гузоштаанд, дар кишвари мо ҷомаи амал пўшад ва Тоҷикистони азизи мо боз ҳам шукуфонтар гардад.

Бобоҷониён Даврон Дадоҷон, д.и.и., профессор,

муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДҲБСТ

 

You might also like