Саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илми кишвар

Миллати тоҷик дар дарозои таърих бо абармардони бофазлу дониш ва родмардону давлатмардони меҳандӯсташ дар олами мутамаддин ба ҳайси мардуми тамаддунофар эътироф гардидааст. Агар ба саҳифаҳои таърихи миллати хеш назар кунем, шоҳиди бузургтарин дастоварду комёбиҳои ин миллати бохираду донишманд мегардем, ки бо неруи тавонои ақлонии худ аҳли оламро ба некию некукорӣ, ахлоқи ҳамида, меҳандӯстию инсонпарварӣ ҳидояту раҳнамоӣ кардаанд. Дар замони муосири давлатдории миллӣ маҳз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли илму маориф ва ҷомеа мунтазам дастоварду мушкилоти ин ё он соҳаи ҳаётан муҳими кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳо ва баҳри расидан ба дастовардҳои бештар дастуру ҳидоят ва роҳнамоӣ мекунанд. Дар суханронии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30.05.2024) низ ба таври фарогир дастовард ва мушкилоти ин соҳаҳои ҳаётан муҳим мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт.

Воқеан, дар шароити соҳибистиқлолӣ шароит фароҳам омад, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад. Дар суханронии хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст. Ҳамчунин, аз тарафи Ҳукумати мамлакат барои саҳми арзанда дар иқтисодиёт, илм, фарҳанг, адабиёт, фаъолияти босамари давлатӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ то имрӯз садҳо нафар олимони кишвар бо ҷоизаҳо, унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд, ба хотири ҳавасмандгардонии олимон ва пешрафти илму маориф дар кишвар унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон таъсис ёфта, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаанд. Таъкид гардид, ки бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯи талаботи замон нест.

Вазифаи илм ҳамчун нерӯи бевоситаи истеҳсолӣ имрӯзҳо равшантар зоҳир мешавад, зеро илм аз чаҳорчӯбаи тафаккуроти таҷридӣ-назариявӣ дар бораи табиат берун баромада, ба қуввае табдил меёбад, ки дар аксари ҳолатҳо истеҳсолотро ташкил, назорат ва самтгароӣ менамояд. Имрӯзҳо бошад, дараҷаи аз худ намудани он дар фаъолияти амалӣ бешак бештару васеътар аст. Ворид шудани илм ба истеҳсоли бевосита, ба инкишофи дохилии он таъсири зиёд дорад. Ба ҳайси нерӯи ҳаракатдиҳандаи иҷтимоӣ илм барои амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии рушди ҷомеа ва ҳаллу фасли масоили умумиҷаҳонии муосир мавриди истифода қарор мегирад. Дар суханронии Пешвои миллат зикр гардид, ки имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман қонеъкунанда нест. Сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ ва дигар мушкилиҳо ба назар мерасанд.

Бо мақсади таъмини инкишофи илми ватанӣ зикр гардид, ки дар арзёбии фаъолияти илмии ҳар як олим ва махсусан, доктори илм ду меъёр бояд асосӣ ва аслӣ бошад: аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд. Зеро, ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.

Хулоса, олимони кишвар бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.

Доктори илмҳои сиёсӣ, профессори ДДҲБСТ

Акмалова Мунира Абдунабиевна

You might also like