Моҳӣ беайбу ситораи будем
Ба амали террористӣ дастзадани як гурўҳи ҳаммиллатамон, ба монанди Кабирӣ ва ҳамтабақони ӯ, ки дар кишварҳои Аврупо зиндагӣ мекунанд, боиси ҳайрати ҳамагон аст. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз худ қаҳрамонсозӣ намуда, гӯё бегуноҳии худро исбот намуданӣ мешаванд. Боз худро «моҳи беайбу ситораи бедум» гирифта, давлату ҷамъияти ободу осудаи моро ба хушунату бетартиби гунахкор меҳисобад.
Мо тоҷикон чӣ гуноҳ кардаем, ки аз дасти чунин нафарон, чун хоин ва ватанфурўшӣ мекунанд, ором нест. Мо мардуми боору номус фаъолияти террористони онҳоро дар кадом шаклу бо кадом чеҳрае, ки набошанд маҳкум менамоем!
Аввалҳои соли 90-ум ТЭТ ҲНИ бо фармоиши хоҷагонашон маҳз ҷанги шаҳрвандиро оғоз карданд. Авалин кори наҳзат ин гаравгонгирии вакилони мардумӣ, хизматчиёни давлатӣ ва мардуми осоишта буд. ТЭТ ҲНИ дар таҳхонаи театр зиндони худро ташкил дода, маҳз дар ҳамонҷо ба “ҳукми одилонаи” худро мебароварданд.
Хушбахтона имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фаъолияти кунунии ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баҳои реалӣ дода истодаанд. Зимни сафари расмии худ Пешвои миллат ба Иттиҳоди Аврупо муайян гардид, ки аксари давлатҳои ин минтақа ба ТЭТ ҲНИ нигоҳи бад доранд ва онҳоро дар рузҳои наздик умуман аз хоки давлати худ даф менамоянд.
Муҳиддин Кабирӣ кори худро бо фиребу дуруягӣ пеш мебарад. Аъзоёни ТЭТ ҲНИ зери шиори сулҳу ваҳдат тибқи фармудаи хоҷагони хориҷии худ ба иқдомҳое даст мезаданд, ки баръакс барои аз байн бурдани сулҳу суббот дар кишвар ва ҳифзи манофеи геополитикии бегонагон равона гардида будааст. Эй ҷинояткорон, хоинон, бас аст сиёҳкунии Тоҷикистон!
Ҷалилова У.Т. – сармуаллимаи
кафедраи фанҳои риёзӣ –
табиатшиносии муосири ДДҲБСТ