Изҳороти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ нисбати зиёиҳаросии паймоншиканон
Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони ба ном миллӣ аз зумраи созмонҳои ифротие ба шумор меравад, ки мақсаду мароми нопок дорад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби наҳзатиёни хоин мақолаву вокунишҳо нисбати зиёиёни тоҷик ба чоп расида, онҳоро ба “сустиродагӣ” муттаҳам мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон зиёиёни тоҷикро ҳамчун қувваи пешбаранда ҷомеаи навинамон, эҳёгари фазои ваҳдатофару ватанамон ва муттаҳидкунандаи қишрҳои мухталифи ҷамъият қадр мекунад ва аз ҳар ҷониб дастгирӣ менамояд. Бе шак, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар рарафаи ҷашни бобоӣ Нврӯзи аҷам бо зиёиён мулоқот доир намуда, бурду бохти соҳаи илму олими тоҷикро таҳлил менамоянд. Дар суханрониҳои худ ба мо – зиёиён руй оварда таъкид медоранд, ки маҳз ба туфайли фаъолияти шабонарӯзии устодону омӯзгорон насли навраси мо соҳиби ақлу дониш ва маълумот мегарданд. Тавсифи бардурӯғонаи наҳзатиён, ки гӯё зиёиён дигар дар ҷомеа қудрат надоранд мутлақо хато аст. Хушбахтона дар ҷомеа қадри илм, олим, зиёӣ ва устод беш аз пеш болотар аст. Зинда бод зиёиёни ватандори тоҷик!
Аҳли устодони кафедраи
тарбияи ҷисмонии ДДҲБСТ