Экстремизм ва терроризм – зуҳуроти номатлуби ҷомеа

Яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа дар замони имрӯза терроризм ва ифротгароӣ ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он мебошад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Террористон мехоҳанд маќсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористидошта дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудааст. Мақсади асосии террористон ба таври зӯровари ғасб намудани давлат ва аз нигоҳи талаботҳои шариат ҳукмрони намудан аст.

Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ,  ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Ба мо ҳамагон лозим аст, кўшиш ба харҷ диҳем, то ки фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа билхусус ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур-курона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд.

Бо боварӣ  метавон гуфт, ки танњо љавонони боғайрат, сулҳпарвар ва матинирода метавонанд пеши роњи ифротгароӣ ва терроризмро гирифта, барои пойдории сулњу амнияти ватани љонољонамон сањми босазо гузоранд.

 

 

Негматова Ш.Ғ. –омӯзгори ДДҲБСТ

You might also like