Терроризм -таҳдиди амнияти ҷаҳонӣ
Ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян кард, ки дар баробари мушкилоти экологию иқтисодӣ терроризм яке аз мушкилоти муҳимтарини глобалии замони муосир аст. Ягон шахс аз таъсири манфии фаъолияти террористӣ эмин нест. Ҳалли ин масъала таҳлили амиқи решаҳои таърихии пайдоиши терроризм, сабабҳои пайдоиш ва ҳадафҳои экстремистҳоро талаб мекунад. Терроризм ин идеологияи зӯроварӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва дигар шаклҳои амалҳои ғайриқонунӣ алоқаманд аст. Дар қадим терроризм бештар хусусияти динӣ, камтар сиесӣ дошт. Дар ҷомеаи муосир бошад терроризм бештар хусусияти сиёсӣ дорад, на хусусияти динӣ.
Мушкилоти терроризм дар ҷомеаи муосир хеле муҳим аст. Зеро ки шумораи ташкилотҳои террористӣ таъсис ёфта, тақрибан 500 ададро дар бар мегирад. Аз ҷониби ин ташкилотҳо ҳазорҳо амали террористӣ содир карда шуда, ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ кушта шудаанд.
Сабабҳои пайдоиши терроризм дар ҷаҳони муосир инҳоянд:
- хоҳиши гурӯҳҳои ҷиноятии хурду миёна барои ба даст овардани ҳокимият, ки дар натиҷа онҳо ба ташкилотҳои бузурги террористӣ табдил меёбанд,
- хоҳиши ба даст овардани истиқлолияти пурраи ягон ҷумҳурӣ
Дар ҷомеаи муосир ташкилотҳои террористӣ, бинобар набудани сохторҳои худ оид ба тайёр кардани воситаҳои амалисозии амалҳои террористӣ, захираҳои моддӣ ва молиявиро аз давлатҳои гуногун ва хадамоти махсус пайдо мекунанд, ки барои онҳо ҷорӣ кардани реҷаи террористӣ дар ягон қаламрав ҳадаф аст. Агар созмонҳои террористӣ аз ҷониби сохторҳои гуногуни расмии калон дастгирӣ намеёфтанд, онҳо арзи вуҷуд карда наметавонистанд. Мубориза бо терроризм хеле душвор аст, зеро пешгӯии макон ва вақти амали террористӣ қариб ғайриимкон аст.
Чораҳои зерини мубориза бо терроризмро ҷудо мекунанд:
- тадбирҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм, аз ҷумла санадҳои қонунгузорӣ, инчунин конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ҷинояткории муташаккил;
- тадбирҳои умумии пешгирикунанда, аз ҷумла назорат аз болои “бозорҳои” силоҳ ва дигар воситаҳои қатли он;
- тадбирҳои маъмурию низомӣ, ки бояд тадбирҳои ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи мубориза бо терроризмро дар бар гиранд;
- чораҳои махсус (оперативӣ, ҷустуҷӯӣ, техникӣ ва муҳофизатӣ) барои пешгирии зуҳуроти террористӣ.
Инчунин, нақши институтҳои иҷтимоӣ дар мубориза бо терроризмро набояд истисно кард. Институтҳои гуногуни ҷомеа, аз қабили оила, мактаб, донишгоҳ бояд дар кӯдакон ва наврасон арзишҳо ва идеалҳои дурусти ҳаётро ташаккул диҳанд. Масалан, дар оила волидон бояд ба кӯдак фаҳмонанд, ки” чӣ хуб аст ва чӣ бад аст”, кӯдакро ба самти дуруст равона кунанд. Мактаб дар муътадил гардонидани вазъи психологии ҷомеа саҳми назаррас дорад. Мактаб ҳамчун як муассисаи ҷамъиятии давлатӣ дорои иқтидори бузурги таблиғотӣ мебошад, ки на танҳо ба миллионҳо хонандагон, балки ба волидон, хешовандони наздики хонандагон, омӯзгорон низ дахл дорад.
Дар мубориза бо терроризм ташкилотҳои гуногуни давлатӣ ва байналмилалии зиддитеррористӣ нақши муҳим ва калидӣ доранд. Ба ташкилотҳои давлатии зиддитеррористӣ, чун қоида, ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дохил мешаванд.
Ҳамин тариқ, мушкилоти терроризмро дар ҷомеаи муосир ба таври зерин ҳал кардан мумкин аст:
- тадбирҳо оид ба таҳкими тамоми сарҳадҳои давлатӣ, беҳтар намудани назорат аз болои фаъолияти ташкилотҳои хориҷӣ барои коҳиш додани имконияти воридшавии экстремизм аз кишварҳои дигар заруранд.
- ҳамаи давлатҳо бояд кӯшишҳои худро барои хотима додан ба авҷгирии экстремизми минтақавӣ муттаҳид кунанд, зеро муноқишаҳои террористии минтақавии алоҳида метавонанд амалҳои террористиро ба вуҷуд оранд;
- баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии табақаҳои камбизоати ҷомеа, зеро маҳз аз ҳамин табақаи аҳолӣ ҷалбкунандагони терроризм иҷрокунандагони амалҳои террористиро ба худ ҷалб мекунанд;
- самаранок ба роҳ мондани вақти холии насли ҷавон (таъсиси маҳфилҳои ватандӯстона, шароит барои фаъолияти эҷодӣ, курсҳои такмили ихтисос ва касбият, машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, иштирок дар экскурсияҳо ва ғайра) ва рушди ғояи умумидавлатии гуманистӣ бо мақсади пешгирии таъсири ташвиқгарон ва ҷалбкунандагони ташкилотҳои террористӣ ба ҷавонон ва наврасон. Мусоидат ба ташаккули иммунитети насли наврас ба рафтори ғайриқонунӣ.
Алиҷонова С.А.-устоди ДДҲБСТ