ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ДАСТГИРӢ ВА ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Дар ҷаҳони муосир  рў овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Воқеан, имрўз ҷавонони мо ҳамчун нерўи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рў, мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем. Зеро имрўз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерўи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Тавре ки огоҳи дорем, Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бахусус дар марҳилаи гузариш аз як низоми сиёсиву иҷтимоӣ ба низоми сифатан нави идоракунӣ ба бисёр мушкилиҳои сахту сангин рўбарў гардид. Зеро ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, яъне замоне, ки аксари мо ҳанўз хурдсол будед, ҷомеаи моро ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдан бўҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта, дар баробари талафоти гарони ҷонӣ, ки мутаассифона, қисми зиёдтарини онҳо ҷавонон буданд, иқтисоди кишварамон ба ҳисороти вазнини моддӣ дучор омад. Бо вуҷуди ин, аз ҳамон марҳалаҳои душвори таърихӣ сар карда, то ба ҳол давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва ҷои кор гардидани онҳо, инчунин мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, ки мо онро дар мисоли ҳаёти ҷавонони кишвар хеле равшан мушоҳида менамоем.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз 13 марти соли 1992, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1997 «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» ва дар ҳамин замина таъсис дода шудани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 1999-2000 (5октябри соли 1998), Барономаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2001-2003» (соли 2001), таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (20марти соли 1998), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон «Дар бораи таъсиси стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таъсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо» (26 феврали соли 1998),баъди танаффуси сесола боз аз нав эҳё шудани рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (23 феврали соли 1998), 23 май эълон гардидани Рўзи Ҷавонони Тоҷикистон, доир гаштани фестивалҳои ҳамасолаи дўстии ҷавонон соли 1997 дар вилояти Суғд, соли 2000 дар Бадахшон, соли 2001 дар шаҳри Душанбе, соли 2002 дар вилояти Хатлон, соли 2003 фестивали дўстии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон, соли 2004  дар шаҳри Душанбе, соли 2004 фестивали дуюми дўстии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, соли 2005 дар вилояти Бадахшон, соли 2006 дар шаҳри Душанбе, соли 2007 дар вилояти Суғд, инчуни қабул шудани якчанд қонунҳо барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон дар мисоли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (17.05.2004), «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи фаъолиятҳои волонтёрӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (15.03.2011), шаҳодати дахлнопазирӣ дар солҳои истиқлолият, ба амал омадани тағйиротҳои куллӣ дар ҳаёти ҷавонони кишвар мебошанд.

Барномаву қарорҳои қабулшуда баҳри баланд бардоштани мавқеи ҷавонон, таъмини пурраи солимии маънавии онҳо равона  гаштанд ва дар роҳи сохтмони  ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим бозиданд.

Барои дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон тўли солҳои истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ ва номӣ, квотаи президентӣ, Стипендияи байналмилалии президентӣ- «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, дастгириҳои давлатӣ оид ба ҷудо кардани манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда чун зуҳуроти ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат мунтазам идома дорад.

Яке аз мушкилоти замони имрўза тамоюл ва гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистист. Саволе ба миён меояд: чаро сарзамини тоҷикон, ки қадимитар аз худи таърих ва нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист, дорои мардумони  хайрхоҳу фарҳангдўст ва соҳиби дину ойини солим аст, бо ин балои осмонӣ ва падидаи шайтонӣ рўбарў шуд? Ҳар нафари мо бояд дарк намоем, ки аз назари геопалитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шуда, дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қорор дорад. Ва табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй мекунанд, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пиёда созанд.

Яке аз сабабҳои  шомилшавии ҷавонон ба ҳизбҳои иртиҷоӣ чихеле ки ба ҳамагон маълум аст ин надоштани  маърифати ибтидоии динӣ мебошад. Мақсади наҷиби Пешвои миллат низ аз мунташир намудани китоби «Қуръон» ва тафсири он, бузургдошти пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам маҳз иборат аз шинохти дурусти дини ислом ва маҳви бесаводии мазҳабӣ буд.

Ғояҳои аслии дини мубини ислом ва тамоми динҳои дигар бар асоси тафаккури инсондўстона, эҳтиром ба ақидаи ҳамдигар, ҳамзистиву бародарӣ ва ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа бунёд ёфта, ҳама гуна тундравӣ, бадбиниву хушунат ва ҷангу ҷидолро, ки ҳизбои ифротгаро таблиғ месозанд, шадидан маҳкум менамоянд. Метавон ба андешаи Хонов А. ҳамрадиф шуд, ки ҳизбу ҳаракатҳои  тундрав аз номи дини мубини ислом фаъолият намуда дар асл онҳо душманони аввалиндараҷаи  ислом ва мусулмонанд.

Мардуми Тоҷикистон, ки соҳиби имони қавӣ, вале дар муқобили он саводи заифи мазҳабист, туъмаи хубе барои ҳизбҳои номбурда ба ҳисоб меравад. Мисоли ин шуда метавонад шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо.

Таҳия ва коркарди барномаи мушаххаси ҳукуматӣ дар бораи дин, ҷорӣ шудани фанни ҳуқуқи мусулмонӣ дар донишгоҳҳои кишвар, ки роҳҳои муоссири тадбиқи патенсиали диннӣ ба фоидаи ҷамъиятро муайян месозад, ба нафъи давлат хоҳад буд.

Дар радифи сабабҳои дигар метавон маълумот надоштани оммаи мардум аз моҳияти воқеи ва ҳадафҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ном бурд. Бо вуҷуди раҳои аз бунгбасти коммуникатсионӣ ва дастёбӣ ба шабакаҳои иттилолоотии ҷаҳони муосир қисме аз ҷавонон содаву зудбовар буда, хабар надоранд  ки роҳбарони пасипардагии ҳизбҳои  гумроҳкунанда киҳоянд? Онҳо чӣ ҳадафҳоеро дунбол мегиранд ва натиҷаи фаъолияти пайравони аҳзоби мамнўъ бар зарари кист? Дар ин замона чоп ва таблиғи дастурамалҳо оид ба шинохти моҳияти ин гуна ташкилот, сўҳбатҳои доимии  равшанфикрон  тавассути расонаҳои  хабарӣ ва мулоқоти онҳо бо намояндагони насли наврас бенатиҷа нахоҳад буд.

Маъсалаи дигаре, ки бояд мавриди баррасӣ қарор гирад, мавҷудияти баъзан беадолатӣ ва фасоди иҷтимоист. Ҷавонон қишри беноҳоят ҳасос ва дорои романтизм мебошанд. Ва ҳангоми мушоҳидаи  хурдтарин омили қаҷравиву фасод, аз қабили коррупсия ва умуман, иҷро нашудани идеяҳои низоми давлатдории демократӣ аз ҷониби масъулин дар маҳалҳо нисбат ба фардои ҷомеа бовариро аз даст медиҳанд ва зуд шикаста мегарданд. Ҳамин гуна нобоварӣ ва заъфи эътиқод ба ояндаи равшан гоҳо боиси пайвастани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва ҳатто даст задан ба ҷинояткориву худкушӣ мегардад.

Барои  рафъи ин мушкилиҳо лозим меоянд, ки бо қатъият ва мунтазам баҳри дар ҳаёт тадбиқ намудани қонунҳои қабулшуда ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат ҷаҳду талош намуда, ҳамеша баҳри рушди эҳсоси ифтихор аз давлатдории миллӣ, маърифати шаҳрвандӣ, ҳуқуқу озодиҳои фардиву гурўҳӣ, ҳамзистии фарҳангу ақидаҳо ва ваҳдату суботи ҷомеа мусоидат намоем. Ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мулоқоту машваратҳо зимни маърўзаву суханрониҳо ба масъалаи ҷавонон махсус дахл менамоянд. Ин бесабаб нест. Зеро Роҳбари давлат дар симои насли ҷавони мамлакат ояндаи Ватанро мебинад. Эълон намудани соли 2017 соли ҷавонон намунае аз дастгириву ғамхории роҳбарияти давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонон аст.

Дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як неърўи бузургу пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Ҳаёти ҷавонон дар маҷмўъ рўди саршореро мемонад. Агар мо аз он пурсамар ва мақсаднок истифода намоем, ҳаётамон сарсабзу шукуфон хоҳад гашт. Ва агар не, ин рўд ба селобае мубаддал мешавад, ки аз он ҷуз харобиву вайронӣ чизе боқӣ нахоҳад монд. Инро дар марҳалаи кунунӣ дар мисоли рўйдоду воқеаҳо ва инқилобу ошўбҳое ,ки дар мамлакатҳои мухталифи олам рўй медиҳанд ва ҷавонон дар ҷараёни  онҳо ҳамеша мавриди сўиистифодаанд, баръало мушоҳида намудан мумкин аст.

Чӣ хеле ки Президенти кишварамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон қайд мекунанд, ҷавонон – ояндаи миллатанд. Пас, мо устодонро месазад, ки тавассути таълиму тарбияи ҷавонон дар рўҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои кишварамон, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳисси меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ  ва доштани ҳуввияти миллӣ тарбия намуда, ояндаи миллатамонро бунёд созем. Зеро тарбияи дурусти ҷавонон аз ояндаи дурахшони онҳо дарак медиҳад.

Дар охир қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз омилҳои мустаҳкам намудани соҳибихтиёрии давлатӣ ин соҳибихтиёрии фарҳангӣ мебошад. Фарҳанг рукни муҳими давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ таҳдид ба соҳибихтиёрии давлатҳои миллӣ ба воситаи фарҳанг ба назар расида  истодааст. Тарзи либос ба бар кардани шаҳрвандон як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Мутаасифона, имрўзҳо бархе аз ҷавонони мо либосҳои ба фарҳанги халқиятҳои хориҷӣ мансубро ба бар менамоянд. Шояд ба андешаи онҳо ин тарз  либос ба бар кардан аз пешрафта будани онҳо шаҳодат медиҳад. Лекин  ба назари мо чунин рафтор намудани онҳо аз паст будани сатҳи маърифатнокиашон гувоҳӣ медиҳад. Ғайр аз ин бархе аз онҳо барои амалӣ гардодани манфиатҳои гаразноки хориҷ кўшиш менамоянд.

Тоҳатто аз рўи баъзе маълумотҳо аз хориҷ низ барои паҳн кардани манфиатҳои онҳо маблағҳо интиқол гардидаанд, ки ин баръало таҳдид ба фарҳанги миллии мо мебошад. Дар ҳамин замина ба назари мо бояд қонунҳои амалкардааистода дар ҳифзи фаҳанги миллӣ боз ҳам пурзўр карда шаванд, ки ин  барои мустаҳкам гардондани рукнҳои давлатдории миллиамон мусоидат менамояд.

 

 

 

Юсупова З.Ш., муаллими калон

кафедраи ҳуқуқи конститут-сионии ДДҲБСТ

 

You might also like