СУЛҲИ ТОҶИКОН ДОИМИЮ АБАДИСТ!
Мардуми шарифи Тоҷикистон то ҳанӯз даҳшати ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро фаромӯш накардааст ва шукрона аз он мекунад, ки дар натиҷаи ҷонбозиҳои сарвари одилу оқил, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳи пойдор расидааст. Басо рамзист, ки сарвари кишвари мо Паёми навбатиро бо дебочаи кӯтоҳи таърихӣ ва ёдоварӣ аз солҳои даҳшатбори ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ оғоз намуданд. Чунки он моро ҳушдор месозад, ки ба қадри Ваҳдати миллӣ, сулҳ ва озодӣ расида, онро ҳифз ва нигаҳбон бошем. Халқи сулҳпарвари мо аз азал тарафдори сулҳу дӯстӣ буд ва боре ҳам ба сӯи миллати дигар бо чашми ғаразхоҳона нигоҳе накардааст. Ба гуфти Лоиқи зиндаёд – “бо ҳам ҳамаю дамдама лашкар накашидаст…”
Мутаассифона дар солҳои 90-уми асри гузашта, бархе аз шахсоне, ки ба қадри ватану бародар ва дигар муқаддасоти миллӣ намерасанд, бо иғво ва дастгирии хоҷагони хориҷии худ даст ба дасисакорӣ зада, ҷомеаи моро вайрон карданд. Ин тоифа ҳизберо бо номи Ҳизби наҳзати ислом ташкил намуда, мехостанд дар ҷумҳурӣ табаддулоти давлатиро ташкил ва кишвари моро ба давлати ақибмондаи исломӣ табдил диҳанд. Айни замон кӣ гуфта метавонад, ки дар кадом кишваре, ки режими исломӣ ҳукмфармо аст, одамон хушбахтона машғули кору зиндагӣ мебошанд? Магар дар Ҷумҳурии исломии Покистон ё Ҷумҳурии исломии Афғонистон? Дар ин кишварҳои рӯзашон “сиёҳ” ҳар рӯз даҳҳо одамони бегуноҳ аз дасти террористон кушта мешаванд. Дар ин ҷумҳуриҳо омодаанд гулӯи ҳамдигарро бидарронанд, то исбот кунанд, ки мусулмони ҳақиқанд.
Мо тоҷикон тариқи васоити ахбори омма, телевизион ва Интернет он даҳшату ваҳшонияте, ки дар Сирия, Ироқ ва Ливия шуда истодааст, дида шукронаи ин ҳаёти осоиштаи худро мекунем ва ҳеҷ вақт намехоҳем ҳаёти осудаи худро ба кишвари ришдарозони аслиҳа дар даст иваз кунем. Ҳизби наҳзати ислом ва пайравони он дар таълимоти худ бунёди як давлати идеологии иртиҷоии диниро пайравӣ мекунад. Бо вуҷуди он, ки баъзе роҳбарони наҳзат худро либералу дунявӣ нишон доданӣ ҳастанд, мазҳари асосӣ ва ғояи пешбарандаи ин ҳизб ҳамон бунёди давлати идеологию иртиҷоии динӣ мебошад. Аз ин рӯ вай моҳиятан бо сохти конститутсионии давлати Тоҷикистон, бо тарзи ҳаёти озод ва солими миллати мо, бо арзишҳои демократӣ мухолиф мебошад. Илова бар ин фаъолияти ин ҳизб дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ нишон дод, ки аз назари тарзи амал низ он як ташкилоти воқеан экстремистӣ ва террористӣ буда, аз ташкилотҳои дигари террористии ҷаҳон, хусусан аз Толибону ал-Қоидаягон тафриқае надорад.
Ҳизби наҳзат масъули бевоситаи нангинтарин ҳодиса дар таърихи миллати тоҷик, яъне ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буда, дар назди таъриху миллат то абад гунаҳкор аст. Он қадар намояндагони ин ҳизб аз фарҳангу тамаддун дур буд, ки шахсиятҳои бузурги илму фарҳанги халқи мо чун Осимӣ, Латифӣ, Олимпур ва дигарҳоро ба қатл расонид. Пас, кадом давлат ё кадом миллат розӣ мешавад, ки чунин ҳизбе дар қаламраваш фаъол бошад ва чунин амалҳоро давом диҳад. Аз ин назар, ТТЭ ҲНИ таҳдиди воқеӣ ба ваҳдат ва суботу осоиштагии ҷомеаи мо мебошад.
ҲНИ ҷузъи раванди ҷаҳоние шудааст, ки мавҷудияти давлату миллати моро ҳаргиз қабул надорад ва онро тобеи хилофати хаёлии худ кардан мехоҳад. Ҳамин тавр, ТТЭ ҲНИ ба таҳдиди воқеӣ ба мавҷудияти давлати соҳибистиқлоли мо табдил шуд.
Мо мардуми поквиҷдони тоҷик нағз медонем, ки ҲНИ аз мақсади асосии худ – касби ҳокимияти сиёсӣ ҳаргиз рўй нагардондааст, қувваҳои мусаллаҳи худро дар асл пароканда накарда, онҳоро пинҳонӣ нигоҳ доштааст, робитаҳои худро бо хоҷагони хориҷӣ қатъ накарда, моҳияти зархаридии худро ҳифз намудаааст, барои расидан ба қудрат ба тамоми ҷиноятҳо, аз ҷумла табаддулоти давлатӣ тайёр аст. Бинобар ин, мо ҳамеша зиракии сиёсии худро аз даст намедиҳем. Мо ба қадри якпорчагии ватани азизамон, осмони софу беғубор, кишвари зебову биҳишосоямон мерасем ва ба аъзоёни ҲНИ ва пуштибонони онҳо мегӯем, ки Сулҳи тоҷикон абадӣ аст. Мо ба таври ҳамешагӣ ба ваҳдати миллӣ расидааем!
Лутфуллоев М.Д. – дотсенти
кафедраи технологияҳои иттилоотӣ
дар иқтисодиёт