ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ – ТАҲДИДИ ГЛОБАЛӢ

Ифротгароӣ ва терроризм – зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.

Мусаллам аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи байни тоҷикон барқарор ва устувор гардид ва давлати мо аз хатари даҳшатбори нобудӣ раҳоӣ ёфт. Вале дар замони мо шахсоне, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд афкор ва мақсадҳои худро бо ҳар роҳу васила ва амалҳои тундравона амалӣ созанд.

Ҷуғрофияи нооромиҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра торафт доман паҳн намуда, имрӯзҳо миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи хонумонсӯзи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсї ва маънавиро ба бор овардааст. Бояд гуфт, ки дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро  нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд. Аз ин рӯ, дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад.

Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад, инчунин, гаронии зиёдеро ба буҷети кишвар ворид месозад.

Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро бештари ҷавонони тоҷикро, ки дар Русия ҳамчун муҳоҷири корї  иқомат мекунанд ва бо сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди  «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда,  ба доми макри худ мекашанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ  карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Заминаи аслии террористиро дар нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокии баъзе аз ашхосе медонанд, ки ба доми тазвири душманони миллат меафтанд. Имрӯз яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ба гурӯҳҳои тундрав  пайвастани ҷавонон  мебошад.  Бо таассуф метавон гуфт, ки бархе аз ҷавонони мо ба ҷои омӯхтани илму дониш  ба роҳҳои нодуруст  рафта, теша ба решаи хеш мезананд.

Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки  бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононе, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом ба пуррагӣ огоҳӣ надоранд, ба сӯи худ ҷалб намоянд. Шукри истиқлоли ватану давлатро намудан,  шукри суботу оромӣ кардан ва ваҳдати  ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Мутаассифона, имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро ба чунин амалҳои мудҳише даст зада истодаанд, ки кирдори онҳо ба ақли солим рост намеояд. Бадбахтона гурӯҳҳои ифротгаро дар навбати аввал насли ҷавонро фирефта намудаву бо ваъдаҳои бардурӯғашон онҳоро ба коми худ мекашанд. Насли ҷавон, ки ҳанӯз таҷрибаи  кофие надорад, ба макру фиреби ин шайтонҳои лаъин бовар карда, инчунин оқибати ин омилҳои хатарзоро дуруст дарк накарда, дидаву дониста ба гурӯҳҳои нопоку ифротӣ шомил шуда, баробари мусаллаҳ шудан бо яроқу аслиҳа дар амалиёти гурӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ иштирок мекунад. Муқовимат бар терроризм яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро яке аз омилҳои номатлуби замони муосир ҳисобида дар тамоми зуҳуроташ онро қотеъона маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи марговару хатарнок ҳамаҷониба пуштибонӣ менамояд.

Феълан дар ҳамаи кишварҳои олам дар баробари рушди ҷомеаи башарӣ чунин зуҳуроти манфии глобалӣ аз қабили экстремизм, терроризм ва инчунин кибертерроризми байналмилалӣ мубаддал гардида, дар шаклҳои ҷадиди таҳдидкунанда ба суботу авзоъи сиёсии кишварҳои мутараққии ҷаҳон мубаддал гардид. Ин падида ва аъмоли номақбулу номатлуб дар шароити ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, ҳангоме, ки технологияҳои иттилоотӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба як “деҳаи калон” мубаддал гардонид. Аз ин рӯ, он на танҳо барои кишварҳои абарқудрату пешрафта, балки барои боқимонда аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ хатари хело ҳам калони худро доранд.

Аз ин лиҳоз, метавон хулоса намуд, ки имрӯзҳо дар тамоми манотиқи  кишварҳои олам террористону экстеримистон танҳо як ҳадафи асосиро амалӣ мекунанд, ки ин ҳам бошад онҳо тавассути қурбониҳои бузурги инсонӣ, харобкорӣ дар байни омма тарсу ҳарос ва нифоқ меандозанду ба ин васила ба сиёсати давлатҳо фишор меоранд.

Бо дарназардошти ин гуфтаҳо ва ҳамзамон бо мақсади решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб зарурият пеш омадааст, ки ҳамаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанӣ дар самти омӯзиши сабабҳои ҷалби ҷавонон ба сафи ташкилоти террористӣ ва экстеремистӣ таҳқиқи методҳои нави муқовимат ба идеологияи ифротгароии динӣ, мониторинги фазо ва авзоъи сиёсӣ, пешниҳоди роҳу усулҳои илман асоснок шуда ва инчунин самараноки муқовимат ба экстеремизм, терроризм, ки ифротгароии динӣ фаъолияти густурдаро ба роҳ монад.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки тамоми кӯшишу ғайрат ва инчунин ҷидду  ҷаҳди асосии ҷомеаи башарӣ ва давлат,  хусусан ниҳодҳои илмӣ ва доираҳои коршиносон бояд ба эҷоди тарзҳои нав ва ҳамзамон самарабахши пешгирӣ аз хатарҳои экстеремизм, терроризм ва ифротгароии динӣ, муқовимат бар алайҳи он нигаронида шуда бошад.

Раҳмонова М.Ғ. – сармутахассиси бахши идоракунӣ

ва мониторинги сифати таҳсилоти ДДҲБСТ

You might also like