ИСТИФОДАИ НОДУРУСТ АЗ ИНТЕРНЕТ – ЯКЕ АЗ ОМИЛҲОИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОН БА ГУРӮҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ

Мавзуи терроризм ва экстремизми динӣ дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба шумор меравад. Дар айни замон мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи танҳо як кишвар набуда, балки як муаммои аҳли башар мебошад. Дар охирҳои асри 21 ҷаҳон бо падидаи  терроризм ва экстремизми динӣ рӯ ба рӯ шуда, ҳанӯз, дар ибтидои асри 21 ҳудуди 500 ташкилот ва гурӯҳҳои гуногуни экстремистӣ дар ҷаҳон амал мекарданд.

Вақтҳои охир интернет ба яке аз воситаи муассири таъсиррасонии террористон ба ҷавонон табдил ёфтааст. Гурӯҳҳои террористӣ аз тариқи интернет барои ҷалб намудани узви нав, ҳам аз миёни ҷавонони исломгаро ва ҳам ҷавонони ифротӣ истифода мебаранд. Онҳоро аввал ба исломи радикалӣ ва сипас, ба амалҳои ғайриқонунӣ ҷалб кунанд. Илова бар ин, интернет барои фароҳам овардани муҳити содиқ, ки дар дастгирии созмонҳои террористӣ нақши фаъол дорад, истифода мешавад. Баробари рушди хадамоти алоқаи мобилӣ, зеркашӣ кардани адабиёти экстремистӣ ба телефони мобилӣ дастрас мегардад.

Дар баробари истифода аз технологияҳои нави иттилоотӣ аз ҷониби созмонҳои ифротӣ ва террористӣ барои ҷалби ҷавонон, инчунин роҳҳои анъанавии ҳамкориҳои иҷтимоӣ низ истифода мешаванд.

Аз ин лиҳоз, таҳти назорати хеш қарор додани ҷавонону наврасон ва ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳию маърифатӣ дар байни  онҳо дар ин самт вазифаи ҷонии волидайн, муассисаҳои таълимӣ ва умуман ҷомеа маҳсуб меёбад.

                                        Сулаймонова Гулрухсор Рустамҷоновна

                                                  Омӯзгори ДДҲБСТ

You might also like