ТЕРРОРИЗМ ВА ОМИЛИ ПАЙДОИШИ ОН

Ҷаҳони муосир пур аз воқеаҳое, ки агар ба сад соли пеш, яъне ба оғози асри бист назар афканем, ба хулосае меоем, ки бавуҷудоии як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро сохтаи дасти абарқудратҳоест, ки барои дар амал татбиқ сохтани сиёсати пурғаразонаи хеш ба вуҷуд овардаанд. Дар ин тазоди муқобилҳо на танҳо дар ҳадаф давлатҳои хурд, балки аксари давлатҳои қудратманд низ қарор ёфтаанд. Беҳуда терроризмро вабои аср наномидаанд. Маҳз ба василаи ин гуна равияҳои тундгаро давлатҳои абарқудрат мехоҳанд мавқеи худро дар геополитикаи дунё мустаҳкам созанд. Аммо ин хаёли пучу хом аст. Солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистон якумин давлате, ки бо ин падида рӯбарӯ гашту тавонист аз ин варта худро наҷот диҳад. Чӣ тавре ки Пешвои миллат дар суханрониҳои хеш иброз медоранд, терроризм миллат, кеш, мазҳабу ватан надорад, ин равия танҳо ба василаи зӯроварию тарс, хатар ба ҷомеаи мутамаддин эҷод намуда, соҳиби ҷоҳу мансаб, сарвату давлат шудан мехоҳад.

Дар суханронии хеш Пешвои миллат гуфта буданд, ки равияҳои тундгаро бо номи дини мубини ислом амал карда, мехоҳанд дини таҳаммулпазиру инсонигароро барои тамоми ҷаҳониён сиёҳ намоянд.

Агар ба ҷаҳони имрӯз нигарем, на танҳо дар дину мазҳабҳо, балки дар дохили як дин намояндагони азҳоби гуногун ихтилофангезӣ ва андешаҳои ифротиро ба вуҷуд овардаанд, ки боиси аз байн рафтан ё пош хӯрдани баъзе давлатҳо шуда истодааст. Ё ҳадафи терроризму экстремизм ҳам дар он зоҳир мешавад, ки аз ин ихтилофот ба мақсадҳои нопоки хеш расанд ва дар ҷомеа ҷудоиву тафриқа ангезанд, инро ҳанӯз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар асри хеш ҳис карда, гуфта буд:

Эй басо, иблиси одамрӯй ҳаст,

Пас, ба ҳар дасте набояд дод даст.

Инсоният агар ҳамаи неруи худро ба ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва рушду нумуи табиат, пешравии илм сарф созад, метавонад биҳишти худро дар рӯи замин созад. Аммо аксари давлатҳо неруи худро ба яроқ масраф месозанд, то ба ин васила қудрати худро намоиш диҳанд, забт созанд, мехоҳанд соҳиби дунё бошанд. Ин чун қонуни табиати инсонӣ аз оғози пайдоиши дунё аз дасти абарқудратҳо эҷод гардидааст. Ва равияҳои тундгаро низ эҷоди ҳамин гуна қувваҳост, ки решаи он ба таассуб, хурофотпарастӣ рафта мерасад, зеро бадбиниву нафрат, кинаву адоват, сӯиқасду куштор, забту нооромӣ аз нодониву нофаҳмии бархе аз қишри ҷавони ҷомеа сар мезанад, ки бозичаи дасти нафароне гардидаанд, ки аз онҳо истифода мебаранд.

Ҷомеаи пешрафта ба арзишҳои ахлоқӣ бояд арҷгузорӣ намояд, дин ва қонунияти он ба кори давлат дахолат надошта бошад. Ин қонунро ҳанӯз гузаштагони мо, ба монанди сулолаи Сомониён дар давлатдории худ истифода бурда, корҳои давлатиро аз корҳои динӣ ҷудо меҳисобиданд. Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, имрӯз чун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ тӯли солҳои соҳибистиқлолии худ исбот намуд, ки роҳи пешгирифтаи халқи азизи он дуруст аст ва он ягона давлатест, ки Рӯзи ваҳдату якдилиро ҷашн мегиранд.

 

 

Раҳматова Д.А., н.и.ф.,

дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ

 

 

 

You might also like