ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ХАТАРИ ВОҚЕӢ БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Барои ҳар як кишвар ифротгароӣ ва терроризм таҳдиди воқеӣ ба осоиштагӣ ва бехатарии миллӣ аст. Ифротгароӣ як хатари фавқуллодаест, ки метавонад то ҳатто ҷомеи босубот ва пешрафтаро халалдор созад.

Яке аз самтҳои асосии мубориза бар зидди зуҳуроти ифротгароӣ ва террористӣ дар муҳити ҷамъиятӣ – ин пешгирии он аст.  Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад., Ин падидаҳо боиси гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли онҳо ба арзишҳои бегона мегардад.

Гузаронидани сӯҳбатҳо ва чорабиниҳо махсусан баҳри пешгирии зуҳуроту ифротгароӣ дар байни ҷавонон хеле муҳим аст, зеро маҳз насли ҷавон аз таъсири манфии гурӯҳҳои гуногуни зиддиҷамъиятӣ ва ҷиноятӣ бештар осебпазир мебошад.

Роҳбарони гурӯҳҳои ифротгароӣ ҷавононро ба гурӯҳҳои номатлуби худ ҷалб намуда, аксар вақт ваъда медиҳанд, ки ҳамаи мушкилоти онҳоро, аз ҷумла проблемаҳои моддиро ба осонӣ ҳал мекунанд. Ҷавонони нотавон, ки ақли заиф, вобастагӣ ба андешаи дигарон доранд, аксар вақт фикр намекунанд, ки бо иштирок дар фаъолияти ин гуна гурӯҳҳо на танҳо мушкилоти мавҷудаи худро ҳал намекунанд, балки барои худ мушкилоти сершумори нав эҷод менамоянд ва ояндаи худро хароб ва несту нобуд месозанд.

Албатта, пешгирии ифротгароӣ ва терроризм дар миёни ҷавонон ба маротиб беҳ аст аз рафъи паёмадҳои ин гуна падидаҳо. Аз ҷумла, мо метавонем чораҳои зеринро пешниҳод кунем, ки ба коҳиш додани зуҳуроти радикалӣ дар байни ҷавонон нигаронида шудаанд:

– гузаронидани чорабиниҳо оид ба ташаккул ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар байни ҷавонон. Бо ин метавон тавассути васеъ намудани ҷанбаи ҳуқуқӣ дар таълим ва тарбия мусоидат кард. Донистани ҳуқуқу озодиҳои худ барои ташаккули ҳисси эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодии дигарон, аз ҷумла ба ҳаёт, саломатӣ ва шаъну шарафи насли наврас ёрӣ хоҳад расонд; -дар ҷавонон тарбия намудани худтакмилдиҳӣ баҳри васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, муносибати таҳаммулпазирона нисбат ба ҳар як фарди ҷомеа, ба сарфи назар аз миллат, дин, вазъи иҷтимоӣ, молу мулкӣ ва дигар ҳолатҳо. Бояд аз айёми кӯдакӣ ҳисси эҳтиром намудани шахси дигар дар онҳо тарбия карда шавад, яъне новобаста аз ягон вазъият, онҳо набояд одамонро аз рӯи ягон меъёр ба табақаҳо тақсим кунанд, ки ин барои муқовимат бар зидди ифротгароии мухталифи динӣ, миллӣ ва иҷтимоӣ кӯмак хоҳад кард;

-вусъат додани тарзи дуруст истифода бурдани вақти холигӣ ва истироҳати ҷавонон. Бисёре аз ҷавонон бо сабаби надоштани майл ва аксар вақт имконият барои баланд бардоштани тарбияи ҷисмонӣ ва маънавии худ ба  созмонҳои мухталифи радикалӣ меафтанд. Ҳол он ки барои ин на танҳо дар шаҳрҳо, балки дар хурдтарин шаҳраку деҳотҳо марказҳо барои ҷавонон, кинотеатрҳо, осорхонаҳо, иншоотҳои спортӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ  ва дигар муассисаҳои маданию фарҳангӣ фаъолият мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар байни ҷавонон ташфиқоти тарзи ҳаёти солим, варзиш ва тарбияи маънавию ҷисмониро фаъолтар бурдан зарурият дорад;

– баланд бардоштани дараҷаи таъминоти иҷтимоӣ ва моддии ҷавонон, бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани мутахассисони ҷавон, дастгирии барномаҳои таъмини манзил барои ҷавонон.

Ин тадбирҳо кӯмак барои дарк намудан аз ғамхориҳои давлат ва аз зарурати содир кардани кирдорҳои ғайриқонунӣ ҷавононро бояд боздорӣ намояд.

Аз сабаби он, ки ифротгароӣ ва терроризм барои амнияти миллии ҳар як кишвар таҳдиди воқеӣ ба ҳисоб меравад, зарурати назорат ва пешгирии паҳншавии рӯҳияи ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо мақомоти давлатӣ ва сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ташкилотхои соҳаи иҷтимоию фарҳангӣ (маориф, муассисаҳои маданият, санъат, варзиш, сиёсати ҷавонон ва ғ.), тамоми аҳли ҷамъият ва ҳар як шаҳрванд аст.

Дар ҷомеаи муосир равандҳои геополитикӣ ва бо шиддат тағйир ёфтани авзои ҷаҳон, ба амал омадани даргириҳо ва таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои террористиву радикалӣ ҳар яки моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро ҳифз намоему баҳри дифои марзу буми Ватани азизамон омодаи хизмат бошем!  Аз ин рӯ, аз ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд ва ояндаи миллат ҳастанд, месазад ба ин афгори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, баланд бардоштани  маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд.

 

Негматова Мухбирахон Мирзохӯҷаевна,

                               н.и.п., мудири кафедраи

 забони русии ДДҲБСТ

You might also like