Зиракии сиёсиро аз даст набояд дод
Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ суханҳои пардадори баъзе ватанфурӯшони кӯрдил, ки пайваста аз ташаббусҳои созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоди ноҷо карда, мардумро ба шӯр андохтанӣ мешаванд, ба нашр мерасанд. Чунин матолиби дасисаангез фикри одамони оддиро метавонад вайрон созад. Аз ин лиҳоз баъзе аз шахсон зиракии сиёсиро аз даст надода бар ҷавоби чунин даъвоҳо ва суханхо ақидахои худро баён месозанд.
Бо мақолаи худ Фаридуни Ориёӣ дар мавзӯи “Даъвиҳои беасос” ба мардум фаҳмонданист, ки ба ҳаргуна даъвоҳо бовар накарда, ақлу заковати худро ба кор андозанд. Ӯ қайд менамояд, ки ҳодисаи зиндони Хуҷанд ва дурӯғбофӣ дар ин замина ба манфиати гурӯҳҳои зиддидавлатӣ аст ва онҳо тавассути ба роҳ андохтани тавтеаҳою ҳангомаҳои расонаӣ ва иттилоотӣ аз худ дарак додан мехоҳанд.
Тири хиёнаткорон ҳамеша хок мехӯрад. Мо дидем, ки тамоми ҳангомаву маҷлисҳои бебунёди Кабирӣ бо ҳамроҳонаш дар чанд давлатҳои хориҷа бо шармандагӣ анҷом ёфтанду хушбахтона, ҳеҷ таъсире ба ҷомеа нагузоштанд, балки нафрати мардумро нисбати онҳо зиёд карданд.
Ҳар фарди солимфикри ҷомеа дар шароити феълӣ ба хубӣ дарк мекунад, ки бо роҳи зӯрӣ ва гирдиҳамоиҳои беиҷозату бемаънӣ на кишвар обод мешавад, на фарде ба мақсад мерасад. Илова бар ин, Ҳукумати кишвар барои сулҳу субот ва амнияти мардум ва кишвар тамоми чораҳоро андешида истодааст. Ин тасмими сиёсати кишварро набояд бо ғараз қабул кард, зеро Сарвари ягон кишвар намехоҳад, ки ватанаш, миллаташ ва мардумаш дар арсаи байналмилалӣ дар пеши аҷнабиён хору залил ва мавриди ишора қарор гиранд. Ҳадафи Пешвои миллати мо ҳам пеш аз ҳама чун як кишвари мутараққиву аз ҳар ҷиҳат пешрафта ва дорои мардуми меҳмоннавозу сулҳпарвар муаррифӣ кардани Тоҷикистони азиз мебошад.
Ҳифзи амонии ватан корест, ки ба ҳар фарди мусулмон ва сокини ин кишвар вобастагӣ дорад ва ҳамаи мо дар нигоҳдошти сулҳу субот вазифадорем. Пешгирӣ намудани фасоду бадкорӣ, ҳифзи мазҳаб ва ақидаи динӣ танҳо кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест ва мо бояд худро канор ва бетараф қарор надиҳем, мо бояд тамоми имкониятҳоро истифода бурда барои амну суботи Тоҷикистон талош варзем. Шарр ва бадии аҳли фасод ва аҳли ботилро аз кишвари худ дафъ кунем ва дасти касонеро, ки аз беақлӣ ва ноогоҳӣ ягон кори хилоф мекунанд, бигирем. Танҳо ваҳдат, иттиҳод ва якдилӣ метавонад ватани моро аз бадии ҳар гуна равия, мазҳаб ва ҳизбу ҳарактҳои ботил нигоҳ дорад.
Юсупова Заррина Шарофиддиновна –
муаллими калони кафедраи
ҳуқуқи конститутсионӣ